Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ШАРОФАТИ ДИДОРИ ШАРИФ. Баъди суҳбат бо Пешвои миллат Бинёмини Илҳом ба табобати пурра фаро гирифта шуд

23 января 2020 01:01

Количество просмотров: 20568

Бо шарофати як дидору суҳбат  бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинёмини Илҳом дар шуъбаи гастроэнтерологияи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо ҷалби беҳтарин табибону мутахассисони ҷумҳурӣ ба табобати  пурра фаро гирифта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки 15 январи соли равон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони фаъол вохӯрӣ намуд. Дар  байни онҳо Бинёмини Илҳом-  хонандаи синфи 4 мактаби таҳсилоти миёнаи  умумии №60-и ноҳияи Синои пойтахт низ иштирок дошт.

Пешвои миллат сараввал порчаеро аз достони  устод Мирсаид Миршакар «Қишлоқи тиллоӣ» дар қироати  зебо ва гӯшнавози писарбачаи даҳсола Бенёмини Илҳом бо шавқ   истимоъ намуда, баъд пурсон шуданд, ки волидайни ӯ чикораанд. Аз ҷавоби кӯдак маълум шуд, ки падараш сарҳадбону модараш хонашин будаанд. Ҷаноби Олӣ меҳрубонона пурсиданд, ки худи ӯ кӣ шуданист?

ДАР АКС: Бенёмин ҳангоми суҳбат бо Пешвои миллат

«Духтур», — посух дод писарак. «Чаро маҳз духтур?»,- мароқ зоҳир карданд Сарвари давлат. «Чунки ман беморам, — маҳзунона фаҳмонд кӯдак,- духтурон мегӯянд, ки илоҷи табобати ман дар хориҷа аст, лекин падару модари ман имконияти маро ба он ҷо бурдан надоранд, дасташон кӯтоҳ аст».

Инро гуфта, писарак ашк рехт. Аз ин суханон Ҷаноби Олӣ  ба риққат  омаданд, вале инро вонамуд накарда, сари кӯдакро падарвор сила намуда, гуфтанд: «Зиқ нашав, илоҷи табобати туро меёбем, мушкиле нест, ки осон нашавад».

Сипас, Сарвари давлат ба масъулин супориш доданд, ки ҳамаи имкониятҳоро дарёфта, табобати кӯдаки маризро ройгон ба роҳ монанд.  Боз таъкид намуданд, ки аз натиҷаи кор ба эшон ҳисобот диҳанд.

Дар тӯли қариб сӣ соли сарварӣ ба давлати соҳибистиқлоли  мо чунин амалҳои хайри  инсонпарварона аз ҷониби Пешвои миллат мудом ба зуҳур меоянд. Ва пайваста соҳибкорону ашхоси саховатпешаро даъват мекунанд, ки ба  ятимону барҷомондагону пиронсолон дасти мадад дароз кунанд. Меҳрубоние, ки Ҷаноби Олӣ нисбат ба ин кӯдаки мариз карданд, умре дар хотири ӯ ва ҳамаи шоҳидон мемонад.

Ҷаноби Олӣ воқеан Пешвои муаззами миллат, падари халқ ва ғамхори хурду калон мебошанд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи илму маориф ба масъалаи бунёду сохтмони иншооти замонавии таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.

ДАР АКС: Пешвои миллат бо Бенёмини хурдсол самимона суҳбат мекунанд

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: “Мо хуб дарк мекунем, ки дастгирии соҳаи маориф ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас- сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан, пешрафти давлат, осоиши ҷомеа ва сарбаландии миллат мебошад”.

Хабарнигорони АМИТ “Ховар” ҳамчунин маълум намуданд, ки Бинёмин зери дасти омӯзгор Моҳпарӣ Меликова дар МТМУ №60-и пойтахт таълим мегирад. Муаллима мегӯяд, ки бо шогирдаш мефахрад, зеро вай дониши хубу аъло дорад ва инчунин дар озмуни  “Фуруғи субҳи доноӣ…” иштироки фаъолона дошт. Мавсуф зикр кард, ки мехоҳад талабааш зуд шифо ёбаду ба муассиса баргардад.

ДАР АКС: Бенёмини Илҳом ҳоло дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табобат мегирад

Дар ҳақиқат ин наврас бо далерию шуҷоат, нутқи бурро ва илму донишаш дили ҳамагонро тасхир кард. Афзал Миршакар, фарзанди шоири хушкаломи мо Мирсаид Миршакар барои ин ҷуръату бехато қироат кардани  порае аз достони  падараш   “Қишлоқи тиллоӣ”дар саҳифаи фейсбукии худ ба ин наврас таҳсину офарин хонда, ба ӯ шифои комил орзу намудааст.

Аҳли хонаводаи  Бинёмини Илҳом аз  таваҷҷуҳи инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба фарзандашон минатдор ва аз иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат ифтихорманданд.

Мояи хушнудист, ки имрӯз насли наврас зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор гирифта, барои ҳаёту фаъолияти ояндаи онҳо тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Умед аст, ки насли даврони Истиқлолият аз ин ғамхориҳо самараи хуб бардошта, дар оянда ба давлату миллати худ ҷонфидоёна хизмат хоҳанд кард.

Мо низ ба ба Бенёмини Илҳои шифои комил мехоҳем ва орзу мекунем ба орзуҳои некаш бирасад ва дар оянда ба нафъи харқу кишварамон хидмат намояд. Чуноне  шоир Хайриддин Хайрандеш фармуда:

Инсонии Пешвои миллатро бин,

Шуд об дилаш зи гиряи Бинёмин.

Тадбири табобаташ биандешид зуд,

Бинёмини мо шифо биёбад! Омин!!!