Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«ШАҲПИСАРИ ХАЙЁМ». Нашриёти «Адиб» 100 нусхаи охири ин китобро ба фурӯш мегузорад

19 февраля 2020 04:02

Количество просмотров: 22720

22 феврал  дар толори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ҳафтаи ҳаштуми намоиш-фурӯши китобҳои Нашриёти «Адиб» дар соли равон баргузор мегардад. Дар намоиш-фурӯши китоб 100 нусхаи охири китоби «Шаҳписари Хайём»-и Камол Насрулло ба фурӯш гузошта мешавад. Агар мехоҳед аз асрори зиндагӣ ва марги устод Лоиқ, шигифтиҳои ашъор, дастовардҳои беназири ӯ дар шеъри муосир огоҳӣ дошта бошед, бо муаллифи ин асрор аз назди шинос шаведу соядаст гиред, ба ин намоиш-фурӯш марҳамат намоед.

Тавре дар суҳбат ба мо  муаллифи китоб ва  шогирди устод Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз намуд,  асари мазкур аз ду қисмат иборат мебошад.

«Дар қисми аввали китоб ёддоштҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолият, сафарҳо, муносибати дӯстона бо устодони гузашта ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти устод, ки худам шахсан шоҳидашон мебошам, дарҷ ёфтаанд. Қисмати дуввуми китоб «Пажӯҳиши осори устод Лоиқ Шералӣ» мебошад»,- иброз дошт шоир.

Камол Насрулло гуфт, ки китоб ба он хотир «Шаҳписари Хайём» унвон гирифтааст, ки дар он  мақолае бо ҳамин ном ҷой дода гирифтааст. Дар мақолаи мазкур  роҷеъ ба дубайтию рубоиҳои устод ва монандии  онҳо  бо рубоиҳои устодони гузашта, аз ҷумла Умари Хайём изҳори назар  карда шудааст.

Хонандагоне, ки ин китобро харидорӣ менамоянд, ба хубӣ пай мебаранд, ки Лоиқ Шералӣ ба он андоза бузург аст, ки ҳар як мисраи эҷоднамудааш мондагор ва дилчасп аст.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ 22 феврал,  соати 08:00 оғоз меёбад.


/АМИТ «Ховар»/