Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

23 Ноября 2021 03:11

Количество просмотров: 261

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ҳамкасбон, кормандон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Ҳамаи шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди он қарор дорем, самимона табрику муборакбод мегӯям.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат, нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат маҳсуб ёфта, дар мамлакати мо ҳар сол санаи 24 ноябр чун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан таҷлил мегардад.

Ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид маҳз бо парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Ба ибораи дигар, Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад.

Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад». Аз ин рӯ, бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки Парчами давлатии мо ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Воқеан ҳам, парчам яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.

Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари саҳми беандозаашон дар таҳия ва қабули парчам, ҳамчунин, муаллифи ҷашн Рӯзи Парчами давлатӣ мебошанд, ки аз нигоҳи идеологиву маърифатӣ аҳаммияти калон дорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 5-уми ноябри соли 2009, зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: “Ба назликӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ ба парламенти мамлакат лоиҳаи қонунро дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ирсол карда, пешниҳод намудам, ки рӯзи қабул карда шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 24-уми ноябр рӯзи ид эълон карда шавад”.

Ин ташаббуси Пешвои миллат амалӣ гардида, Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24-уми ноябри ҳамон сол (2009) бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол шуд. Ба ин тартиб ҳар сол Рӯзи Парчами давлатӣ дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавӣ ва муҳимтар аз ҳама дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн гирифта мешавад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар арафаи 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар маркази пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр, парчами Тоҷикистон бо сутуни дорои баландии 165 метр ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метр аст.

Бо ҳамин ниятҳои нек кули мардуми тоҷикро бо ҷашни фархундаи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд таманно менамоям. Бигзор, Парчами давлатии кишвари азизамон, ки далели пойдор будани сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукуфоии давлату миллатамон аст, то абад парафшон бошад!

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромӣ!