Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019» ба нашр расид

25 апреля 2020 10:04

Количество просмотров: 18880

Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони «Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019» бо забони русӣ ба нашр расид.

Дастури машваратӣ  хеле ҷолиб, муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд.

Тавре аз шуъбаи иттилооти  ДКМТ  хабар доданд, тартибдиҳандагони ин дастури ҳимоявӣ ё роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавируси нав Сун Даман-профессори Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин ( Хуадун) ва Жен Гентян –директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки дастури мазкур зери таҳрири профессори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ба нашр омода гардидааст.

Профессор Зафар Розиқов мегӯяд, ки «дигар замоне фаро расидааст дар канори ҳамдигар бошем ва вазъияти баамаломадаро пешгирӣ намоем. Зеро коронавирус ё пандемияи (КОВИД-2019) ҳоло ҷаҳонро ба вазъияти буҳронӣ овардааст ва ҳар яки мо бояд барои пешгирӣ аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигирем…».

Феълан дастури мазкур ба донишҷӯён ва доираи васеи  омӯзгорон тақдим гардидааст.


Бознашр аз АМИТ «Ховар»: https://khovar.tj/2020/04/ro-namo-baroi-imoya-az-koronavirus-yo-kovid-2019-ba-nashr-rasid/