Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Рамзи асосии Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардид

7 января 2020 12:01

Количество просмотров: 43555

Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд. Кинофестивал аз ду озмун: озмуни байналмилалӣ ва беҳтарин дастоварди кинои миллӣ иборат буда, дар 8 номинатсия барои ҳарду бахш ҷоиза дода мешавад. Барои номинатсияи беҳтарин филми ҳунарӣ «Шоҳҷоиза» (Гран При) дода мешавад. Дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» 20 филми пурра муқаррар шудааст. Мавриди зикр аст, ки ташкилкунандагони Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд. Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба Рӯзи пойтахт бахшида шуда, дар ду сол як маротиба баргузор карда мешавад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории кинематографистони Тоҷикистон ва шиносоӣ пайдо кардани тамошобинони тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини кинои ҷаҳонӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» 5 довар аз дохил ва хориҷи мамлакат интихоб мешаванд. Дар назар аст, ки дар доираи ин кинофестивал суҳбати «мизи мудаввар» ва коргоҳи ҳунарӣ (мастер класс) бо ҳузури меҳмонон ва ширкаткунандагон ташкил гарданд. Зимни баргузории Кинофестивали мазкур осори киноӣ ва хидматҳои шоистаи коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров барои миллати тоҷик гиромӣ дошта мешаванд. Ёдовар мешавем, ки имсол Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» гузаронида шуда, қабули дархостҳо барои иштироки филм то 1 март сурат мегирад. Инчунин сомонаи расмии кинофестивали мазкур дар интернет бо суроғаи www.dushanbeiff.tj фаъол аст.