Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!

26 Июня 2021 10:06

Количество просмотров: 308

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон  ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

Омӯзгорон ва хонандагони гиромӣ!

27 июн мардуми шарафманди тоҷик 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон ба даст омадааст, ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем ва ба хонадони ҳар як фарди ватан осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва барору комёбӣ орзу менамоем.

Дар ҳақиқат сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ неъмати аз ҳама бебаҳо ва арзишманд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро гузоранд. Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некӯаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт. Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони худшиносу ватандӯсту аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

Расо 21 сол қабл дар Ватани азизу маҳбуби мо ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш хотима дода шуд. Ҷаҳду талошҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, махсусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии мардум ва ҳамдиливу ҳамбастагии онҳо зиёд ба назар расида, кӯшиши онро доранд, ки мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу субот ва истиқлолияти комил зиндагӣ ва умр ба сар баранд.

Ҷанги шаҳрвандие, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, аз лавҳи хотири касе фаромӯш нашудааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари мардуми кишвар бадбахтиҳои зиёд оварда, боиси марги 150 ҳазор нафар гардид ва ба мамлакат ба миқдори беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ овард. Бояд қайд намуд, ки барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Пешвои миллат дар давраи бисёр ҳам мудҳиш аз ҳеҷ хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу берунӣ наҳаросида, зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва савганд ёд намуд, ки то охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои маҳбуби кишвар дар бораи ваҳдати миллӣ чунин баён намуданд: “Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт”.

Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд, маҳз бо шарофати ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Баъди ба тасвиб расидани ин санади тақдирсоз, ба лабони хурду бузурги мардуми кишвар ханда дамид. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати бениҳоят баланд дорад.

Барои ноил шудан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ анҷом бахшид ва таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Бояд зикр кард, ки санаи 27-уми июн барои мардуми мо ҷашни бисёр ҳам арзишманд ба ҳисоб меравад ва дар саросари ҷумҳурӣ чун рӯзи ид бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва хонандагони азизро бо муносибати 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати милли табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки парчами давлатиамон дар фазои сулҳу субот доимо парафшон бошад ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шукуфоӣ, пешрафт ва тараққиёт хоҳонам.

 Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!