Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муборак!

17 апреля 2020 03:04

Количество просмотров: 20896

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳматҳои созандаву иқдомоти ватандӯстонаи сокинони он хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. 

Таърих гувоҳ аст, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардида, бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад. 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем. Хушбахтона, имрӯзҳо барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузургу мубораки умумимиллиамон 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе корҳои ободониву созандагӣ вусъати бештар пайдо карда, ҷараёни корҳо дар иншооти ҷашнӣ бомаром идома доранд. 

Боиси ифтихор аст, ки оинаи миллатнамои тоҷик шаҳри Душанбе 96 - умин сол аст, ки пойтахти давлатдории навини тоҷикон мебошаду таҳти сарварии сардафтари даврони нав Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми пешравию дастовардҳои давлату миллати тоҷикон аз ин гаҳвораи тамаддун сарчашма мегирад.

Бо таваҷҷуҳ ба моҳияти ин соҳаи муҳим Муассисаи давлатии таълимии “Литсей – интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тамоми сокинону меҳмонон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе шодбош гуфта, ба якояки онҳо саломатию сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорад.

 

Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии  Тоҷикистон"