Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

30 Сентября 2021 10:09

Количество просмотров: 200

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. 
Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омӯзгор арҷгузоранд, ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор равшангари дилҳо, машъалафрӯз ва парчамбардори илму дониш ва маърифат эътироф шудааст. Аз ин рӯ, дар диёри мо Рӯзи омӯзгорон сол то сол ба таври густурда таҷлил мешавад, оммавияти бештар пайдо мекунад ва шукӯҳу шаҳоматаш меафзояд. Аслан, мардуми тоҷик аз қадим нисбат ба омӯзгор таваҷҷуҳи хоса доштанд ва байти машҳури Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ далел ба ҳамин маънист:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Имсол Рӯзи омӯзгорон дар ҳолате таҷлил мешавад, ки ҳамаи мо зери таассуроти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз қарор дорем. Бояд таъкид кард, ки омӯзгорони мо дар густаришу устуворгардии истиқлол ва сулҳу осоиштагӣ, тақвияти ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ ҳиссагузор буда, нақши пурифтихор доранд. Ҳамчунин, бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар кору фаъолияти омӯзгорон марҳилаи нав ворид гашт, омӯзгорон машғулиятҳои худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки ба ин васила, дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Маҳз иҷрои вазифаҳои бузург мақому манзалати омӯзгоронро дар ҷомеаи мо болотар намуда, талошҳои онҳо дар назди давлат эътибори бештар пайдо кард. Қабули қонунҳои соҳавӣ, барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳама гуна зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, зина ба зина баланд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии онҳо дар робита бо ҳамкориҳои солими падару модарон ва ҷомеа, қадршиносии онҳо ба ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба дастгирии омӯзгорон ва беҳтар шудани фаъолияти онҳо нигаронида шудааст.
Мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро «муқаддастарин касби рӯи олам» медонанд ва рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишварро аз фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон арзёбӣ мекунанд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф рӯзафзуну фарогир мебошад. Мулоқот ва суханронии Сарвари кишвар бо аҳли маориф дар Рӯзи дониш ба омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯён илҳоми тоза бахшида, барномаи фаъолияти ҳар кадоми онҳоро дар соли нави таҳсил муайян сохт. Президенти мамлакат зимни вохӯрии мазкур чунин иброз доштанд: «Дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад».
Омӯзгорони муҳтарам!
Тавре аз суханронии Пешвои муаззами миллат бармеояд, замони муосир дар назди ҳар кадоми мо – аҳли маориф, талаботи навро мегузорад, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамқадами он бошем ва дар вусъати ислоҳоти соҳа, аз ҷумла, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим, пешниҳоди дастурҳои методӣ ва тайёр кардани шогирдони мусаллаҳ бо донишҳои техникиву технологӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалии таҳсилот масъулияти бештар дошта бошем. Ҳамчунин, дар инкишофу таҳким бахшидани илмҳои бунёдӣ дар заминаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» саҳми босазо гузорем.
Бо ин ниятҳои нек шумо – устодон ва омӯзгорони гиромиро, ки бо заковату фаросати баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати иди касбиатон – Рӯзи омӯзгорон, самимона муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори ободу дастовардҳои эҷодӣ таманно дорам.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!