Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Паёми табрикии роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш

1 сентября 2021 08:09

Количество просмотров: 6787

Хонандагон устодон ва омӯзгорони муҳтарам!

Инак, ба сарзамини Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи Ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз соли нави хониш қадам мегузорад. Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад.

Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону омӯзгорон, падару модарон, аҳли илму маориф, кулли мардуми шарифи кишвар, инчунин, ба кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, самимона табрик мегӯям.

Соли нави таҳсил тибқи анъана ҳар сол бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург ва муқаддас дорад. Зеро мардуми бофарҳанги тоҷик сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон мебошад.

Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасиданд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.

Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун яъне тамаддунсозу тамаддунофар дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Илм сарвати бебаҳо буда, қобилияти зеҳнии ҳар як кишвар ба нерӯи тавонои он алоқаманд мебошад.

Наврасону ҷавонони боиродаи Ватани маҳбубамонро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё карда шудаанд.

Миллати бофарҳанги мо дар тӯли таърихи деринаи худ давраҳои бисёр сахту вазнинро паси сар карда, таърих, забон, фарҳанг ва ойинҳои миллии хешро ҳифз кардааст.

Шукр мегӯем, ки соҳаи мактабу морифи кишвар доиман таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастуру нишондодҳои он кас солҳои охир шарту шароити таълим ба куллӣ дигар шуд. Даҳҳо мактабҳои нав, ки дорои тамоми шароитҳои зарурии таҳсил мебошанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Масъулияти волидайну омӯзгорон бобати беҳ сохтани сифати таълиму тарбия баланд гардид. Ташкили озмуну олимпиада,гузаронидани санҷишҳои мухталиф ва таъмини ҳавасмандӣ имконият медиҳанд, ки шумораи толибилмони аълохону боистеъдод сол аз сол афзояд.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд.

 Устодону хонандагон ва шогирдони гиромиқадр, якояки шуморо ба муносибати Ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли таҳсили 2021-2022 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар фаъолияти таълимиву тадқиқоти илмӣ ва омўзишу фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Бигузор, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо боз ҳам ободтар, зиндагии сокинонаш беҳтар, мавқеаш дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкамтар гардад.

Соли нави таҳсил муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!