Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Паёми шодбошии директори Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

5 октября 2022 03:10

Количество просмотров: 2772


Забони гушода чу омад падид,
Шуд он бандҳоро саросар калид. 
(Фирдавсӣ)

“Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад”
Эмомалӣ Раҳмон

Устодон, омӯзгорон ва ҳамватанони азиз!
Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки дар иртибот ба тасвиби Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз соли 2009 ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар сартосари кишвари азизамон таҷлил карда мешавад.

Бешубҳа, олитарин зуҳурот ва нишонаи мавҷудияти ҳар як миллат аз забони ӯ вобаста аст. Забон беҳтарин сарват ва қиматтарин дороии миллат буда, ба ин муносибат мардуми сарбаланди тоҷикро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободию сарбаландӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.

Миллат ҳамаи шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва тавоноии худро дар забони зиндаи худ мебинад. Забони мо яке аз забонҳои қадима буда то ба имрӯз мақому манзалати худро гум накардааст, ва имрӯз яке аз беҳтарин забонҳо эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин баромадҳояшон таъкид намудаанд, ки гиромидошти забони модарӣ як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди соҳибватан аст. Зеро эҳтироми нисбати забон эҳтироми модар, эҳтироми Ватан, эҳтироми муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегардад. Афкори илмию бадеии чандин ҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи забони ноби тоҷикӣ ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил гардидааст. Бинобар ин, забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ буда, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.

Бинобар ин, дар замони истиқлолияти давлатӣ ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки забони фасеҳу гуворои тоҷикиро муқаддас дониста, онро аз ҳама гуна саҳлангориҳо ҳифз намоем. Мавлоно бо «Маснавии маънавӣ», Саъдӣ бо «Гулистон»-у Ҷомӣ бо «Баҳористон» ва дигар шоирону нависандагони бузурги мо сиккаи безаволӣ зада, ҳар як сатри гузашта таърихи зиндаи фарҳанг ва забони мост. Ҳамаи мо бояд кӯшиш намоем, ки забони модариамонро сидқан дӯст дошта, ҳамеша онро покиза нигоҳ дорем.

Дар охир бори дигар Рӯзи забонро ба куллти мардуми сарбаланди тоҷик ва тоҷикони бурунмарзиямон сидқан табрик гуфта, бароятон бахту саодат ва дар кору зиндагиатон сарбаландиву пирӯзиҳо орзумандам.

Рӯзи забон давлатӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!