Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

1816 1817 1818
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Паёми шодбошии Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати соли нави мелодии 2022"

Ҳамкасбону ҳамкорон, устодон ва хонандагони азиз! Инак Соли нави мелодии 2022-юм фаро мерасад. Мардуми сарбаланди тоҷик соли сипаригардидаро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, соли навро бо умеду орзуҳои нек истиқбол мегиранд.  Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба ҳар яки Шумо табрик менамоям ва орзуманди онам, ки ин сол яке аз солҳои пурфайзу бобарор ва хотирмон дар саҳифаҳои таърихи миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик сабт гарда...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2022

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. ...

ХАБАРИ ХУШ! Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 8 медал гардиданд

Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 8 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунов...

Ғолибони Олимпиадаи фосилавии умумии Россия

ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ФОСИЛАВИИ УМУМИИ РОССИЯ “УЧИ.РУ” И “VK” АЗ РӮИ БАРНОМАСОЗӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 1-9 МАРҲИЛАИ АСОСӢ ДЕКАБРИ СОЛИ 2021      

Дар Душанбе даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд

Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, бахусус дар самти соҳаи маориф ва дастгирии хонандагони болаёқат дар олимпиада ва озмунҳои зеҳнӣ 29 декабр даври сеюми шаҳрии Олимпиада оид ба шоҳмот баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Олимпиада оид ба шоҳмот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраё...

Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон доир шуд

28 декабр дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид, хабар медиҳад аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Ҳавасмандгардонии хонандагон яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар даври дуюми (ноҳиявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино хонандагони...

ҒОЛИБИЯТИ 13 ҶОЙ ДАР XIII ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АНТАЛИЯ

Хонандагон Литсей-интернати Президентӣ  дар XIII  Олимпиадаи байналмилалии Анталия баргузор гашт  иштирок карданд. Дар ин олимпиада хонандагон 13 ҷой (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) ба даст оварданд.  Ногуфта намонад, ки ин ҳама дастовардҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти муассиса ва омӯзгороне, ки шогирдонро барои иштирок дар ин олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ омода месозанд.

Ғолибони даври дуюми олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2021-2022

Дар даври дуюми ноҳиявӣ олимпиадаҳои фаннии хонандагони ноҳияи Сино ар толори Муассисаи таълимии давлатии "Мактаби байналмилалии Президентӣ" дар ш. Душанбе баргузор гардид.  Хонандагони Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо гирифтани 60 (12 ҷойи якум, 19 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи аввал  дониста шуд. Дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” хонандаи синфи 7 Қурбонова Зинат сазовори ҷойи сеюм гардид. Инчунин барои саҳм...

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ (ШАҲРӢ) ОЛИМПИАДАИ “SPELLING BEE”

Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиадаи “SPELLING BEE”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018 таҳти №18/6 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби М...

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Дар Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 хонандагон истироҳат мекунанд

Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад, хабар дод муовини сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ...