Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

1899 1900 1901
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд
1 окт

 Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор  ва бо мақса...

Табрикоти директори МДТ ''Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' Ғайратзода Лайло Диловар бахшида ба Рӯзи омӯзгор

Омӯзгорони арҷманд, Устодони гиромиқадру ҳамкасбони азиз. Бо як ҷаҳон эҳтироми хос ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори обод ва барору комёбӣ таманно дорам. Омӯзгор — исме, ки барои ҳар яки мо ошно, муътабар ва муқаддас мебошад. Зери ин вожаи бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва ҳидоятгару оинаи миллат таҷассум меёбад. Воқеан ҳам пешаи омӯзгорӣ касби пурифтихору заҳматталаб ва пурмасъулият б...

Табрикоти Ғайратзода Лайло Диловар - директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31 – умин солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон – рӯйдоди таърихие, ки дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифтанд, 31-сола шуд. Муҳтарам омӯзгорону хонандагон! Мардуми хирадсолори тоҷик имрӯзҳо дар арафаи таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дарад. Бо истифода аз фурсат бо қалби пур аз ифтихор ва ихлосу фараҳмандӣ  Шуморо ба ин ҷашни фа...

Қадрдонии омӯзгорони Литсейи Президентӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 сен

Санаи 08.09.2022 дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонашон дар соҳаи илму маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанашон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд...

ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК! Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз ёфт
1 сен

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президенти барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор дорад ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин литсей шарик аст. Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии ...

Супоридани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба омӯзгори фанни Технологияи иттилоотии литсей Давлатов Амрулло
25 авг

Имрӯз, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазияти тантанавӣ тақдим намуданд. Омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии ,,Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' Дав...

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ISI JUNIOR-2022" ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИНФОРМАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
6 июл

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Кохи Суруш Маросими ҷамъбасти Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва иштирокчиёни Олимпиадаи байналмилалӣ ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» (АйЭсАй Ҷуниор ...

Семинари омӯзишӣ барои директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавзӯи "Асосҳои салоҳияти саводнокии рақамӣ ва шабакаи мактабии IT клубҳо"
4 июл

Тибқи барномаи тасдиқгардидаи Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior - 2022» имрӯз дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Ключевые компетенции цифровой грамотности и сеть школьных IT клубов” бо иштироки Президенти Мактаби байналмилалии информатикаи наврасон - Кирюхин Владимир Михайлович, Цветкова Марина Серафимовна – дотсент, профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, дире...

Гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз Литсей-интернати Президентӣ
3 июл

01.06.2022 Маросими ҳавасмандгардонии гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Сино дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои ш. Душанбе баргузор гардид, ки 6 нафар хонандагони литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи стипендияи раиси ноҳия гардиданд: 1. Масумбекова Томирис синфи 8 2. Пириев Юсуф синфи 8 3. Ахмедова Мадина синфи 9 4. Ирмухаммедов Шукруллоҷон синфи 10 5. Мирзоҳакимова Фархунда синфи 10 6. Қурбонов Анушервон синфи 10

ДАВРИ МАТЕМАТИКИИ  (METH -TOUR) ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "ISI JUNIOR-2022
3 июл

Имрӯз  дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат» даври Математикии (meth-tour) Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ баргузор гардид.         Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ  аз чор давр иборат мебошад; - даври Математикӣ (meth-tour) - даври Кодерӣ (koder-tour) - даври Марафонӣ (marathon-tour) - даври Эстафета ...