1991 | 1992 | 1993 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 1 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад, ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи мода...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи...
Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд. Эмомалӣ Раҳмон ОМӮЗГОРОН – НЕРУИ ТАВОНОИ КИШВАР Устодон ва омӯзгорони мӯҳтарам! ...
ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ! Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм! Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи...
ПАЙДОИШИ ҚАЛАМ Қалам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд. Пайдоиши найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор со...
Имрӯз дар Тоҷикистон расман Рӯзи ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Дар қаламрави шеъри форсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии фалсафаву ҳикмат ва масоили бисёри дигар бо Мавлавӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вижагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан “Маснавӣ”-и Мавла...
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда...
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям. Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ой...
Истиқлолият- шукуфоиву пешрафти давлату миллат Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мардуми шарафманду соҳибиқболи тоҷик, 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ин ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, ба хонадони ҳар к...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям. Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таър...