Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2170 2171 2172
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
25 26 27 28 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мулоқот намуданд

21 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни р...

Озмуни турсунзодахонӣ бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

«Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қураи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст». Чунин зикр гардид дар ҳамоише, ки дар китобхонаи МДТ “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” доир гардид. Ин ҳамоиш  ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода гузаронида шуд. Дар ин ҳамои...

ДАСТАИ ОЛИМПИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ПОЙТАХТ ДАР САБҚАТИ МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ БОЗ БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД.
15 Май

Яке аз нишододҳои сифатан беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад, ки дар онҳо ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, дар се соли охир дар байни минтақаҳои кишвар сазовори ҷойи аввал дониста мешаванд. Дар асоси фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳ...

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи...

Ҷашни зафар муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Пас аз чанд рӯз, яъне рӯзи 9-уми май сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан яке аз санаҳои муҳими таърихӣ 76-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин мун...

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъд аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона мераванд

Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пас аз ҷамъбасти аттестатсия ба таътили тобистона, ки то 31 август идома меёбад, фиристода мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз 25  сентябри соли 2018 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016» ба тасвиб расид. Тибқи он ба Низомном...

ХАТМКУНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ АЗ ОЗМОИШИ ПЕШАКИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЗАШТАНД

Бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолият дар самти интихоби касб, инчунин омодагии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар заминаи Маркази баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ кулли хатмкунандагони муассисаи таълимӣ аз имтиҳонҳои пешакии ...

Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони  ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ  сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯда...

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иқдоми таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 дар Рӯзи дониш аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосӣ аз...

Суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аъзои Шӯрои илм, маориф ва инноватсия! Ҳозирини гиромӣ! Соли гузашта дар Рӯзи дониш доир ба таъсиси Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода будем. Ҳадафи асосии мо аз таъсиси шӯрои мазкур баррасии мушкилоти дар соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия ҷойдошта ва мусоидат кардан ба рушди ин бахшҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад. Аз солҳои 2000–ум инҷониб мо дар сиёсати давлатӣ соҳаҳои илму маорифро аз ҷумлаи самтҳои афзал...