Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2026 2027 2028
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд
30 дек

Аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз мегардад, хабар доданд  муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. «Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз мегардад»,- гуфт Зиёратшоҳ Назруллозо...

Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ баргузор шуд
29 дек

Ба 262 нафар омӯзгорон, директорон, кӯдакону наврасони боистеъдоди кишвар, инчунин волидайни онҳо зимни ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 мукофотҳо супорида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони ХУШБАХТ хабар дод. Маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номи...

Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин литсей дар ҳаракати олимпӣ дониста шуд
28 дек

Санаи 28.12.2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷойизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 баргузор гардид, ки ба Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассиса дар даври ҷумҳуриявии олимп...

15 нафар хонандаи Литсей-интернати Президентӣ барандаи стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2022-2023 гардиданд
26 дек

Ин дастовард бо кулли хонандагону омӯзгорон ва волидон муборак бошад ва аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей, хонандагону волидон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста дар соҳаи маориф ва таъсис додану ҳавасманд гардонидани хонандагони болаёқат изҳори сипосу миннатдории бепоён баён менамоем! Рӯйхати гирандагони Стипендияи Президентӣ: 1. Азизиён Суман 03.04.2009 2...

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, оид ба соҳаи маорифи кишвар
23 дек

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 дек

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисод...

Асророва Сарвиноз, хонандаи синфи 9-и литсей дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи 3-юм гардид
17 дек

Асророва Сарвиноз хонандаи синфи 9-уми МДТ "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарии муаллима Назарова Рухсорамо Саъдуллоевна    дар номинатсияи "Адабиёти ҷаҳонӣ" сазовори ҷои сеюм ва барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" гардид. Ин ғолибиятро ба кулли ҷомеаи меҳнатии литсей, волидону  хонандагон таҳният гуфта, ғолибиятҳои дигарро орзумандем. Инчунин, ба муаллима Назарова Рухсорамо ва волидайни Сарвиноз аз номи маъмурият...

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз барандаи Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо эълон мегарданд
17 дек

Имрӯз  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҷумла, гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳо...

ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ИДОМА ДОРАД
15 дек

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шуруъ аз 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуруъ гардида, ҳамакнун озмун вобаста ба номинатсияҳо ва гурӯҳҳо идома дорад.  Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср вобаста ба гурӯҳҳо миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳ...

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2022
14 дек

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” санаи 14 декабри соли ҷорӣ дар МТХ “Мактаби муосири байналмилалӣ Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор га...