2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
25 января 2020 01:01
Количество просмотров: 25389
26 январ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада доир мегардад. Дар тантанаи мазкур намоиши тухмии зироати кишоварзӣ, техника-олоти кишоварзӣ, зотҳои чорво, хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ярмака-фурӯши ниҳол, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида мешаванд.
Тавре котиби матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷашни Сада ҳунармандон бо барномаҳои фарҳангии худ хотири иштирокдоронро шод мегардонанд. Ҳамчунин дар макони баргузории ҷашн гулхан афрӯхта, ҷавонон намудҳои варзиши миллиро пешниҳоди мардум мегардонанд.
Ёдовар мешавем, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Каюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.