Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Озмуни турсунзодахонӣ бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

17 мая 2021 01:05

Количество просмотров: 11440

«Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки вассофи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъии мардумони озодихоҳи қураи Осиё ва Африқо буд, бо ашъори баландмазмунаш дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст».

Чунин зикр гардид дар ҳамоише, ки дар китобхонаи МДТ “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” доир гардид. Ин ҳамоиш  ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 110-солагии шоири зиндаёд, қосиди сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода гузаронида шуд. Дар ин ҳамоиш хонандагони фаъоли литсей иштирок намуда аз фаъолияти пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод ёдовар шуда ва шеъру ғазалҳои ин устоди зиндаёдро қироат намуданд.

185382918_337252771077298_7144529671934345735_n.jpg

186970707_337252974410611_3655142368930558053_n.jpg

Муаллимон ва устодони забон ва адабиёти Литсей Назарова Р. С, Элчибеков А.М, Авғонов С. М, Сиддиқзода Б. И, Давлатова С. А роҷеъ ба қадру манзалат ва ҷойгоҳи хоси вассофи сулҳ,  устод Мирзо Турсунзода  сухан карда, зикр намуданд, ки шоири тавонои тоҷик тӯли фаъолияташ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар карда, баҳри дӯстию рафоқат, барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Ашъори пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод Мирзо Турсунзода ӯро ҳамчун шахсияти тарғиб ва паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ашъори ӯ ба авҷи аъло расид. Зикр шуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, Иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ кору фаъолияти созанда намудааст. Шоир Мирзо Турсунзода аз соли 1946 ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик нақши назаррас гузоштааст.

1212.png

Достонҳои «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Ман аз Шарқи озод» ба мавзуи сулҳу ва дӯстӣ ва ҳамраъӣ бахшида шудааст. Дарки амиқи мафҳуми сулҳ Мирзо Турсунзодаро то ба мартабаи Раиси кумитаи сулҳи кишварҳои Осиё ва Африқо расонид ва ӯ мунодии сулҳи минтақаҳо ва рамзи амнияту субот дар сайёра гардид. Ҳар мисрае, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумони сулҳдӯст чун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ин ҳама корнамоиҳо ва заҳматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода буд, ки вай ба унвонии фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб гардид.