Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон…».

17 октября 2020 12:10

Количество просмотров: 15158

Меҳргон оғози нимаи дувуми  сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар аст. Аз рӯи ривоятҳои муаррихони Юнони қадим  ва Рум  дар бораи  Меҳргон нисбат ба Наврӯз ҷашнҳои дигар  маълумот фарогиртар аст.
Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра  номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст  ва ҳазору чорсадсол пеш аз милод дар сангнавиштаҳо ҳаккокӣ шудааст. Ин ҷашн тибқи тақвими  зардуштии авастоӣ дар рӯзи 16- уми моҳи Меҳр, баробар ба рӯзи 8 - уми октябри мелодӣ  дар миёни фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Тибқи солшумории авастоӣ ҳар як моҳ аз сӣ рӯз иборат буд, ки номи он рӯзҳо ҳар яке ба яке аз эзидон номгузорӣ шудаанд. Ҳар гоҳ номи рӯз ва моҳ бо он баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосилоти кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад.
Роҷеъ ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ маълумоти зиёде аст. Меҳргон нишоне аз оғози зимистон  маҳсуб мешуд. Дар арафаи ин ҷашн мардум ҷомаҳои худро иваз мекарданд ва барои сардии ҳаво кӯрпаҳои  ғафсро истифода менамуданд, ки сармо назананд.
Ин рӯзро мардум бо ҷашну шодии фаровон бо таронасароиву бозӣ барпо мекарданд, ба ҳамдигар идӣ  медоданд. Ба муносибати фаро расидани ҷашни Меҳргон созу садо ва мусиқии вежа мавҷуд буд. Акнун вақти он расидааст, бо шарофат ва файзу баракати  соҳибистиқлолӣ ҷашни Меҳргонро дар мамлакат эҳё намоем.
Ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ месазад, ки дар вазишгоҳҳои  марказии шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳову деҳкадаҳои  бузург мардум бо ҳам омада, ҷашни Меҳргонро баргузор намоянд ва ҳар як хоҷагӣ беҳтарин дастовардҳои хешро ба намоиш гузоранд.
Ҳангоми ҷашни Меҳргон аз баландгӯякҳо таронаҳои меҳргонӣ садо диҳанд, шуаро ашъори меҳргонӣ эҷод намуда, онҳоро тавассути симо ва садои ҷумҳурӣ қироат намоянд. Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон агар ҷойгоҳи пешинаи худро пайдо намояд, ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватанхоҳиву дӯст доштани забони модарӣ, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ водор хоҳад кард.

Истилоҳи Меҳргон

Меҳргон – калимаи сохта буда, аз решаи меҳр ва пасванди ҷамъсози – гон сохта шудааст. Пасванди – гон дар баробари исми ҷамъ сохтан боз хусусияти соҳибият ва ба маҳал вобаста будани ашёро ифода мекунад. Калимаи Меҳргон маъноҳои «меҳрҳо», «соҳибони меҳр», «дорои меҳр», «меҳрубон»-ро ифода намуда, ба манзил ва ҷойи меҳр ишора мекунад. Дар адабиёти гузаштагонамон ин калима инчунин ҳаммаънои Офтоб омадааст. Меҳргон маънои меҳру муҳаббат бастан, рамзи дӯстию рафоқат, бародарию ҳамдигарфаҳмиро низ ифода месозад. Дар истилоҳ Меҳргон номи иди таърихӣ ва миллии мардуми ориёӣ аст. Пайдоиши иди Меҳргон бо анъанаҳои парастиши Офтоб, нур ва гармӣ алоқа дорад. Дар замонҳои қадими тотаърихӣ ва даврони аввали пайдоиши таърихи хаттӣ Худои нур ва Офтобро Митро мегуфтаанд ва пайдоиши ин идро таърихнигорони қадиму нав ва мардумшиносону гоҳшиносон ба ин ном алоқаманд донистаанд. Таърихан Митро (дар забони ҳиндии қадим Mitra, дар «Авесто»- Migra) маънои Худои дӯстӣ, аҳд, ризоият, таҳаммул ва дар аасри сеюми қабл аз мелод ҳамчун Худои Офтоб шинохта шуда будааст. Митроро дар Эрони қадим ба сифати ҳаками тавонгари наҷотбахши байни қувваҳои некӣ (Ҳурмузд) ва бадӣ (Аҳриман) медонистаанд. Баъдтар дар Рими қадим дар зери таъсири дини зардуштӣ ҷараёни митропарастӣ (охири асри якуми то мелод ва аасри дуюми мелодӣ) пайдо мешавад. Дар Арманистони қадим ин калима ба шакли Меҳр– Худои Офтоб, чароғи Осмон ва адолат парастида шуда, хонақои Офтоб дар шаҳри Гарни (асри якуми м.) ва қурбонихонаи Мхери дур (дари Мхер) дар шаҳри Ван бунёд карда мешавад. Номҳои армании Мигран,Мгер аз номи худои Меҳр сарчашма дорад, ки маънои офтобӣ, симои нурро дорад. Номҳои миллии халқи тоҷик ҳам то ҳол он номҳои бо меҳр алоқамандро нигаҳ дошта омадааст (Бузургмеҳр, Меҳрангез, Меҳрофарин, Меҳрона ва ғайра). Дар матнҳои суғдӣ ва парфиёнӣ расули (фиристодаи) сеюми дини монивӣ Митро ном дорад. Дар Бобулистон ва Бохтари қадим низ ҷараёни митропарастӣ тараққӣ ёфта будааст. Гузаштагони дури мо–ориёиҳо ва баъдтар бохтарию суғдиҳо дар даврони қадим ғолибони солро дар моҳи боғиёдиш қадрдонӣ мекардаанд. Калимаи «боғиёдиш» дар забони суғдӣ исми моҳ будааст, яъне дар моҳи бағ, моҳи иди Митро – Худои Офтоб ба шарафи пешсафу ғолибони даври худ ид меоростаанд. Калимаи «бағ» дар порсии қадим ба маънои худоён ва баъдтар бо тағйири шакл ба Митро табдил гаштааст. Барои тасдиқи ин фикр муҳаққиқон овардаанд, ки моҳи бобулии «Ташрӣ» - моҳи Шамс, яъне Офтоб будааст. Чуноне ки моҳи тақвими зардуштии «адвор» ҳамон меҳрмоҳро мегуфтаанд ва дар арманҳо номи моҳе, ки муодил (ҳамноми) ин моҳ аст, Маҳкон ном дорад. Дар форсии қадим моҳи иди бағ (ё ба суғдӣ фағ) низ маънои Меҳр – Офтобро доштааст. Як чизи дигар аз таърихи забон ва адабиёт маълум ва аниқ аст, ки рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳро низ «меҳр» мегуфтаанд ва гӯё ин рӯзи фариштаи зардуштӣ Фурӯғ будааст. Худи калимаи фурӯғ ҳам маънои равшанӣ, Офтоб ва меҳрро дорад. Иди Меҳргон дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи Офтоб ҷашн гирифта мешудааст. Ба ин маъно Масъуди Саъди Салмон фармудааст: Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон! Меҳргон, ҷашни он, мисли идҳои таърихии НаврӯзСадаТиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод буда, ба ягон дин тааллуқ надорад. Эронинажодон дар қадим танҳо ду фасл доштаанд: тобистон (hama) ва зимистон (zayana). Наврӯз ҷашни оғози тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози зимистон будааст. Баъдтар дигар фаслҳо пайдо гаштанду дар асоси тақвимҳо ҳар чоряки сол фасли алоҳидаро ташкил кардааст.Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ будааст. Дар моҳи меҳр Офтоб ба бурҷи Мизон қарор мегирад. Ба бурҷи Мизон даромадан ва то аз он баромадани Офтоб 1 моҳро (аз 23.09. то 23.10.) ташкил медиҳад. Меҳргон рӯзи меҳри моҳи меҳр, дар таърихи чордаҳи моҳи меҳр, мутобиқ ба 8 октябри тақвими маъмули имрӯза ҷашн гирифта мешавад. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ ба иди умумихалқӣ ва миллии ориёиён будани Меҳргон ишора карда гуфта будааст: «Ин ид барои умуми мардум аст». Доир ба пайдоиши иди Меҳргон ривоятҳои гуногун низ то ба мо омада расидаанд. Дар яке аз онҳо омадааст, ки пас аз солҳои тӯлонӣ (ҳазор сол) ҳукм рондани Заҳҳоки Биюросб (Заҳҳоки Морон) ва бо морони майнаи одамхораш зулми зиёдеро ба халқ раво дидани он, халқ ба дод омадаву тоқат аз даст дода ба муқобили ӯ бармехезад ва вориси тоҷу тахти сулолаи қадимаи Пешдодиён Фаридунро ба сари ҳокимият мехонад. Шӯришгаронро Коваи Оҳангар сарварӣ мекард, ки аз дасти Заҳҳок ҷабри бисёре дида буд. Заҳҳок ҳабдаҳ писари ӯро ба қатл расонида, мағзи сари онҳоро ба морони майнахӯраш дода буд. Коваи Оҳангар пешдомани чарминашро ливо карда одамонро барои нобуд сохтани Заҳҳок мебарад. Заҳҳок аз ҳамлаи мардуми озодихоҳу адолатҷӯ мағлуб мегардад. Халқ Заҳҳокро ба кӯҳи Дамованд маҳбас карда, Фаридунро ба тахти меросии аҷдодонаш мешинонад.Аз ҳамон вақт таъбири «дирафши ковиёнӣ» пайдо гаштааст.


Иди Меҳргон дар гузашта

Дар гузашта оид ба тарзи гузаронидани иди Меҳргон анъанаҳои гуногун вуҷуд доштааст. Рӯзи аввали идро “Меҳргони омма” меномидаанд ва ид шаш рӯз давом ёфта, рӯзи охири онро, ки “Ромрӯз” ном доштааст, “Меҳргони хосса” мегуфтаанд.

Ҷашни Меҳргонро ботантана, бо суруду мусиқӣ ва рақсу бозиҳо мегузаронидаанд. Ҳатто шоҳони даврони Ҳахоманишӣ танҳо дар ҳамин рӯз дар ҷашнгоҳ ҳуқуқи рақс кардан доштаанд ва метавонистанд маст шаванд. Дар ин рӯз аз шоҳ то ғулом либоси арғувонӣ (сурх) мепӯшидаанд. Аз даврони Фаридун анъана шуда будааст, ки мардум ба миён рӯймоли махсуси арғувонӣ банданд ва суруд замзама кунанду вақти таом хӯрдан сухан нагӯянд. Шоҳони давр ва ҳокимони вақт ба ҳамдигар ба муносибати иди Меҳргон туҳфаҳо мефиристодаанд. Асосгузори сулолаи Сосониён дар ҳамин рӯз тоҷе, ки дар он сурати Офтоб нақш карда буд, бар сар мениҳод ва ин минбаъд анъанаи мулкдорони Аҷам мегардад.

Овардаанд, ки шаҳрбон (шаҳрдор, ҳоким)–и Арманистон дар ҷашни Меҳргон 20000 той ба расми армуғон ба дарбори Ҳахоманишиён ҳадя фиристода будааст. Шоҳони Сосонӣ Ардашери Бобакон ва Хусрави Анушервон (солҳои ҳукмронияш 531-579) дар он рӯз ба мардум ҳадяҳо медодаанд.

Абурайҳони Берунӣ чандин анъанаҳои иди Меҳргонро махсус қайд намудааст. Аз нақли ӯ маълум мешавад, ки дар даргоҳи подшоҳон ҳангоми таҷлили ин ҷашн анъанае ҷорӣ будааст. Онро нобиғаи ҳамватанамон чунин ба қалам медиҳад: Дар саҳни дарбор марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб бо овози баланд мегуфтааст:–Эй фариштагон, ба дунёи поин фуруд оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва онҳоро аз рӯйи Замин дафъ намоед!.

Аз рӯйи гуфти Салмони Форс Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон офаридааст. Аз ин рӯ ин ду айём дар фазл ҳамчун сангҳои пурбаҳои ёқуту забарҷад ҳастанд. Овардаанд, ки Худо Заминро дар ҳамин рӯз офарид ва ба ҷондорҳо ҷон ато карду муқарри (соҳиби) арвоҳ гардонид.

Мардум боварӣ доштанд, ки агар касе дар бомдоди Меҳргон анор бихӯрад ва ё гулоб бибӯяд, офатҳои заминию осмонӣ аз ӯ дур мешудааст. Шоҳону сарварон дар рӯзи иди Наврӯз ба сарбозон либосҳои тобистона медоданд, бо фаро расидани иди Меҳргон сипоҳиёну хидматгузорон ба сару либос ва чизу чораҳои зимистона соҳиб мегаштанд. Давраҳое ҳам будааст, ки бо амри шоҳон рӯзҳои байни иди Меҳргони омма ва Меҳргони хоссаро бо ҳам пайваста чанд рӯз ид мекарданд. Ин навоварӣ дар давраи Ҳурмуз – писари Шопури Сосонӣ ҷорӣ карда шуда, баъдтар ҳатто Меҳргонро як моҳи пурра ид мекардаанд. Анъанае низ роиҷ будааст, ки чун дар маъракаи иди Наврӯз ҳар гуна намоишҳои идонаро, ки рамзи ба худ хоссе доштанд, байни дарбориён ва халқ меоростаанд. Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) мегустурданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол рӯйида оро медоданд.

Одамон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷӯворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Гоҳо шумораи навъи онро ба дувоздаҳ ҳам мерасонидаанд: аз қабили

·         найшакар (ё шакар),
·         турунҷ (мевае аз ҷинси лимӯ ва афлесун),
·         себ,
·         биҳӣ,
·         анор,
·         унабӣ (ҷигда)
·         ангури сафед
·         ва меваҳои гуногуни нав хушк кардашуда.
Инчунин рӯйи хон меваҳои тару тоза, шохҳои гулу шакару беду зайтун, анору муруд ва коҷ (навъе аз сарв) мегузоштаанд. Ҳар маводу хӯрокаи болои хон рамзи хосси худро дошт.
·         Шакар – ширин гузаронидани умр,
·         хурмо–серҳосилӣ ва лаззати зиндагӣ,
·         бӯйи хуш,
·         гули нилуфар–ҳатто дар об реша доштан,
·         норгил ё чормағз–сахт будани тан ва сермағзӣ,
·         ҷавзи ҳиндӣ–пурборӣ,
·         муруд–хушии зиндагӣ, пуртоқатӣ ва серборӣ,
·         ҷоми тиллоӣ–шаҳомат, покӣ, баракат,
·         анор–серфарзандӣ,
·         равғани зайтун–хушбӯйӣ.

Дар атрофи дастархон суханони некро оид ба файзу баракат, афзоишу шодмонӣ ва панду андарзҳоро менавиштаанд. Ба шоҳони Сосонӣ рӯйи лаълии калони заррин шакар, ҷавзи ҳиндӣ, хурмои тоза, чормағзи ҳиндӣ ё норгил ва дар ҷомҳои тиллоӣ шири навдӯшида ва машрубот пешкаш менамудаанд. Анъанае низ будааст, ки одамон дар рӯзи Меҳргон ба тани худ равғани бон (зайтун) молида ба наздиконашон гулоб мепошидаанд, то тамоми сол, яъне то Меҳргони нав сиҳату саломат ва сарбаланду зиндагиашон чун гулоб пурнакҳат бошад. Ҷашни Меҳргон дар даврони қадим ва махсусан дар аҳди Сосониён (асри III-VII) хеле тараққӣ карда буд, минбаъд бо тағйири шакл дар аҳди хилофати араб, дар давраи давлатдории Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар байни халқ маъруф гашт. Махсусан, дар аҳди Сомониён ин ҷашн бо тантанаи ба худ хос қайд карда мешудааст. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик васфи табиат, зуҳуроти он ва аз ҷумла тавсифи иду маъракаҳои таърихию халқӣ мавқеи калон дошт. Махсусан дар давраи аввали Эҳёи Шарқ, яъне дар асрҳои IХ–ХII қисмати аввал (луғз)–и қасидаро ба тасвир ва сифати табиат бахшидан анъанаи маъруф буд дар адабиёти он давр. Дар ин роҳ Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Масъуди Саъди Салмон, Манучеҳрии Домғонӣ, Хоқонии Шервонӣ ва бисёр сухансароёни дигар асарҳои баландмазмун офаридаанд. Дар ҳамин раванд шоирон фаслҳои сол, идҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла Меҳргонро васф кардаанд ва бо ин восита андешаҳои худро баён намудаанд.

Маъруфии Меҳргонро боз аз он дарк кардан мамкин аст, ки дар таърихи санъати миллии аҷдодонамон сурудҳои мавсимию маросимии “Меҳргони бузург”, “Меҳргони хурд”, “Меҳргонӣ” маълуму машҳур будааст, ки оҳангҳои онро ба Борбади Марвазӣ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, баъди садаи XVI ду силсиласурудҳои нахустин аз байн рафтаанд ва аз “Меҳргонӣ” чун як гӯшаи сози “Дувоздаҳмақом” танҳо ном мондаасту халос. Дар адабиёти навини тоҷик асарҳо дар васфи фасли тирамоҳи заррин бисёранд. Дар онҳо зебоиҳои табиат, заҳмати марди деҳқон васф шудаанд, аммо маҳз ба иди Меҳргон асарҳо ва ҳатто ишораҳо камандаркаманд.