Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд

13 января 2020 08:01

Количество просмотров: 32621

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» 10 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва ҳайати ҳакамон озмунро натиҷагирӣ намуда, ғолибони даври ниҳоиро эълон намуданд.

Ҳамчунин сазовори ҷойи дуюм бо гирифтани 190 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Бохтар Ойтилло Тағоева ва сазовори ҷойи сеюм бо гирифтани 185,5 хол мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1 ноҳияи Шаҳринав Шабнам Сатторова гардиданд.

Зимни ҷамъбаст зикр шуд, ки дар таърихи баргузории озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» бори аввал намоянда аз марказҳои инкишофи кӯдак ширкат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми таҳсилоти томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсилоти томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, таъмин ва такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа мебошад.

Ғолибон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоиза, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорнома, роҳхат барои осоишгоҳ ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 8-уми январ оғоз гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён тибқи шартҳои муайяншудаи Низомномаи озмун ҳунару маҳорати худро санҷиданд.