Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ғолибони нахустин Олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология муайян шуданд

26 апреля 2021 11:04

Количество просмотров: 7581

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 24 апрел маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли нахустин Олимпиадаи  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор гардид. Дар он дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид. Дастаи хонандагони  ноҳияҳои Сино ва Исмоили Сомонӣ  сазовори ҷойи дуюм, ноҳияи Фирдавсӣ ва дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат лоиқи  ҷойи сеюм гардиданд. Зимни   чорабинӣ инчунин омӯзгорон ва  хонандагоне, ки дар ҷараёни  олимпиада лоиҳаҳои беҳтарини эҷодиро пешниҳод намуданд, ҳавасманд гардонида шуданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  хабар доданд, Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида, баргузории он таҷрибаи нахустин на танҳо дар пойтахт, балки дар ҷумҳурӣ ва минтақа арзёбӣ мегардад.

Дар маросими ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони сохторҳои марбута ширкат намуда, нахуст аз дастоварду лоиҳаҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт  дидан намуданд.

DSC0568.jpg  

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ  зикр  намуд, ки барои баргузории олимпидаи мазкур ҳоло дар пойтахт тамоми шароитҳо муҳайё буда, дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимии нав бунёдгардида синфҳонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо бо таҷҳизоти лозимаи таълимии дуредгариву челонгарӣ ва ҳунармандиву ҳунаромӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

-Олимпиадаи мазкур бо мақсади  дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагон, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунонии насли наврас роҳандозӣ гардид, — афзуд Мавсума Муинӣ.

Дар фарҷоми маросими мазкур барномаи фарҳангии омоданамудаи таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур байни  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз 8 то 10 апрели соли равон  баргузор гардида буд.

DSC0592.jpg

/АМИТ  «Ховар»/: https://khovar.tj/2021/04/oliboni-nahustin-olimpiadai-honandagoni-muassisa-oi-ta-siloti-miyonai-umum...