Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ғолибони Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ муайян шуданд

22 ноября 2021 12:11

Количество просмотров: 15535

  Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе дар  «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва Озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ баргузор гардид. Дар он аз рӯи бахшҳои алоҳида ба лоиҳаҳои эҷодии 11 нафар «Шоҳҷоиза» супорида шуда, 170 нафар хонандагон бо диплому мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Инчунин дар озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ аз рӯи чор номина 11 иштирокчӣ  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 15 то 20 ноябр бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки “ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад”.

Иттилоъ дода шуд, ки, дар рӯзи аввали ҳафта дарси маҳорат оид ба таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ – эҷодӣ, барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъияти илмии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Дар ҳафтаи равон ҳамчунин баргузории Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, намоишгоҳи дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Дар доираи ҳафтаи мазкур дар баробари хонандагону муаллимон инчунин олимону мутахассисон ва коршиносони соҳа низ фаъолона ширкат варзиданд.

Дар  ин озмун ду нафар хонандаи литсей, Раҳимов Масрурҷон ва Зияев Абдуллоҷон сазовори шоҳҷоиза ва Иргашева Дилноза сазовори диплом гардиданд.

20211122_130043.jpg

photo_2021-11-24_15-25-56.jpg

20211122_114617.jpg

20211122_114806.jpg

Муфассал....https://khovar.tj/2021/11/oliboni-aftai-ilm-tehnologiya-innovatsiya-va-ihtirokorii-navrasonu-avononi-sha-ri-dushanbe-va-be-tarin-somona-oi-innovatsion-muajyan-shudand/