2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
22 Ноября 2021 12:11
Количество просмотров: 5239
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва Озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ баргузор гардид. Дар он аз рӯи бахшҳои алоҳида ба лоиҳаҳои эҷодии 11 нафар «Шоҳҷоиза» супорида шуда, 170 нафар хонандагон бо диплому мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Инчунин дар озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ аз рӯи чор номина 11 иштирокчӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 15 то 20 ноябр бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки “ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад”.
Иттилоъ дода шуд, ки, дар рӯзи аввали ҳафта дарси маҳорат оид ба таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ – эҷодӣ, барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъияти илмии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Дар ҳафтаи равон ҳамчунин баргузории Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, намоишгоҳи дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.
Дар доираи ҳафтаи мазкур дар баробари хонандагону муаллимон инчунин олимону мутахассисон ва коршиносони соҳа низ фаъолона ширкат варзиданд.