Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

ҲОДИСАИ АСТРОНОМӢ. 26 декабр гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Шарҳи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

19 декабря 2019 08:12

Количество просмотров: 36182

26 декабри соли 2019 гирифти ҳалқамонанди навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз назари мушоҳидачии дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад). Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад.

Ин нуктаро директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  шарҳ дод.

«Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад, ки дар ин марҳала Моҳтоб аз Замин тамоман дида намешавад. Вобаста бо чунин шароит, гирифти Офтоб ҳодисаи зуд такроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5  ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз он на зиёда аз дутояш пурра ва ё ҳалқамонанд мебошанд», — гуфт номбурда.

Ба нақли олими тоҷик, гирифти ҳалқамонандии Офтоб 26 декабри соли 2019 дар ҳамаи рӯи Замин дида намешавад. Шароити мусоид барои мушоҳидаи ҳолати пурраи ҳодиса дар Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Суматра, Сингапур хоҳад буд. Марҳалаҳои гирифти Офтоб дар Осиё, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, Кавқоз, Қазоқистон, Сибир ва Урал қисман дида мешаванд.

«Дар Тоҷикистон ҳодисаи Моҳи нав 26 декабри соли равон, соати 10:13-и вақти маҳаллӣ ба амал меояд. Гирифти Офтоб 26 декабр, соати 8:34-и вақти маҳаллӣ сар шуда, соати 13:05-и вақти маҳаллӣ ба охир мерасад. 26 декабр дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 8:30-и вақти маҳаллӣ тулӯъ мекунад. Пас, мушоҳидаи марҳалаи қисмани гирифти Офтоб дар минтақаи Тоҷикистон бо назардошти обуҳавосанҷии хуб мумкин мебошад», — илова намуд Гулчеҳра Қоҳирова.

Директори ин муассисаи илмӣ инчунин зикр кард, ки рӯйдоди гирифти Офтоб ба саломатии инсон ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки пас аз гирифт ё ҳангоми гирифт ягон намуд далелҳои манфӣ нисбат ба инсоният ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз ҳангоми гирифти Офтоб одамон бевосита метавонанд мисли ҳаррӯза фаъолият намуда, ба ҳар хел иғво ё шарҳу тавзеҳи хурофотӣ эътибор надиҳанд.