Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Номгӯи мавзӯъҳои намунавӣ барои бахшҳои машварати августии кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

4 июня 2020 01:06

Количество просмотров: 27161

Масъалаҳои муҳими рушди маориф
1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи  маорифи  кишвар.
2.Дастовард ва комёбиҳои аҳли маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Натиҷагирӣ аз вазъи фаъолияти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳия (шаҳр) дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-21 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. 

Мудир ва мушовирони кабинетҳои
методии раёсат ва  шуъбаҳои маориф
1. Нақши муассисаи таълимӣ, оила ва кумитаи падару модарон дар таълиму тарбияи хонандагон ва ташаккули шахсияти онҳо (тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»).
2.Муносибати босалоҳият ба таълим: роҳҳои рушди салоҳиятҳои асосӣ ва байнифаннӣ (аз таҷриба).
3.Тартиби банақшагирии мавзӯъҳои семинар-машваратҳои дастурдиҳӣ барои омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар кабинети методии шуъбаи маориф.
4. Татбиқи самараноки соатҳои дарсӣ, ки дар «Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019 ва солҳои минбаъда» пешбинӣ гардидааст.
5.Таҳлили ҷанбаҳои асосии методикаи таълими фанҳо дар муносибати босалоҳият ба таълим.
6. Роҳ ва усулҳои асосии омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи  пешқадами педагогии омӯзгорон (аз таҷриба).
7.Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди дарс ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳ ва сифати таълим.
8.Самтҳои асосии рушд додани ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, тафаккури техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси нишондоди Пешвои муаззами миллат дар заминаи эълон гардидани солҳои 2020-2040  «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»  дар соҳаи маориф (аз таҷриба).
9.Омӯзиш ва ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами омӯзгорони ихтироъкору навовар  ва  нақши он дар рушди маҳорати касбии омӯзгор.
10.Ташкили махзани маълумот (портфолио)-и омӯзгор ва фаъолиятҳои  иловагӣ  барои таквияти  салоҳиятҳои хониш (аз таҷриба),
11.Ҳамкории мушовирони раёсат ва  шуъбаҳои маориф бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодия ва шӯроҳои методӣ (аз таҷриба),
12. Кабинети методии шуъбаи маориф ва вазифаҳои он дар замони муосир. 

Директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
1. Тартиб, роҳу усулҳои ба кор ҷалб намудани мутахассисони ҷавон ва ҳавасмандгардонии онҳо.
2.Идоракунии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3.Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, дастоварду мушкилоти  мавҷуда  ва  роҳҳои ҳалли он.
4.Тартиби ташкил ва гузаронидани аттестатсияи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва аҳамияти он дар рушди маҳорати касбии онҳо.
5. Мавқеи истифодаи навъҳои арзёбӣ (ташхисӣ, ташаккулдиҳанда, ҷамъбастӣ)  дар муносибати босалоҳият  ба таълим.
6.Роҳхои дарёфт ва истифодаи мақсадноки  сарчашмаҳои ғайрибуҷавӣ дар  рушди заминаи моддӣ- техникии муассисаи таълимӣ,
7. Роҳу усулҳои баҳодиҳӣ ба дарси омӯзгор тибқи нишондоди муносибати  босалоҳият ба таълим (аз таҷриба).
8. Роҳ ва усулҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон (аз таҷриба).
9. Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).
10. Идоракунӣ ва нақши роҳбари муассисаи таълимӣ дар муҳайё намудани муҳити мусоиди корӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳавасмандии кормандон.
11. Роҳ ва усулҳои самарабахш гузаронидани Шӯрои педагогӣ ва  ҷаласаи назди директор дар муассисаи таҳсилотти умумӣ .
12. Истифодаи мақсадноки лоиҳаҳои хурд ва соатҳои бахши иловагии нақшаи таълимӣ – омили асосии рушди сифати таълим, ғанӣ гардидани буҷа ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълимӣ.
13. Роҳ ва усулҳои ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон  дар муассисаи таълимӣ-роҳбаладӣ (аз таҷриба). 

Муовинони директор оид ба корҳои таълим
1. Роҳхои самаранок ташкил намудани раванди таълиму тарбия, роҳбарӣ ва назорати ин раванд.
2. Таъмин, риоя ва назорати  қоидаҳои техникаи бехатарӣ  дар раванди таълим.
3. Тарзи дурусти тартиб додани ҷадвали дарсӣ ( аз таҷриба )
4. Иштирок дар дарс ва тарзи таҳлили он тибқи нишондоди муносибати салоҳиятнок ба таълим (аз таҷриба).
5. Нақши муовини директор оид ба таълим дар риояи талаботи илмию  методӣ  ҳангоми тартиб додани  ҷадвали дарсӣ (аз таҷриба).
6. Фаъолияти муназзами хадамоти методӣ-омили асосии суботи раванди таълим.
7. Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).
8. Роҳҳои дарёфт, омӯзиш, ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар Шӯрову иттиҳодияи методӣ ва нақши он дар такмили маҳорати касбии омӯзгор.
9.Арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони синфҳои ибтидоӣ  дар  раванди таълим.
10. Таҳлили фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2019-2020 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2020-2021.
11. Назорати дохилимактабӣ-омили асосии такмили раванди таълиму тарбия.
12. Бо усули тестӣ натиҷагирӣ аз дониш, малака, маҳорат ва самаранокии таълим (аз таҷриба).
13. Кабинети методӣ-маркази асосии пешбурди кори хадамоти методӣ.
14. Нақши Шӯро ва иттиҳодияҳои методӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, сифати таҳсилот ва сатҳи дониши хонандагон.
15. Тартиби таҳлил ва баҳогузорӣ ба сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.
16. Саҳми кабинети методӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнию ақлонии хонандагон.
17. Татбиқи банақшагирӣ ва тарзи гузаронидани ҷаласаи Шӯрои методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба). 

Муовинони директор оид ба корҳои тарбия
1. Тарбияи хонандагон дар асоси нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Тарзи банақшагирӣ ва гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ…»  (аз таҷриба).
3. Мавқеи муовини директор оид ба корҳои тарбия дар тарбияи ҳуқуқии хонандагон.
4. Саҳми оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак.
5. Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои беруназдарсию беруназсинфӣ (аз таҷриба).
6. Мафҳум, мақсад ва заминаҳои тарбияи худогоҳӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллии хонандагон дар асоси талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Ҳамкории  муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон-омили асосии тарбияи ахлоқию  маънавии хонандагон.
8. Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ ва аҳмияти онҳо дар рушди ҷаҳонбинӣ  ва ахлоқи  хонандагон.
9.Тарбияи меҳнатдӯстӣ ва аҳамияти он дар самти касбинтихобкунии хонандагони муассисаҳои таълимӣ  (аз таҷриба).
10. Иттиҳодияи методии роҳбарони синф ва нақши он дар самти ташаккули маҳорати касбии омӯзгорон.
11. Роҳу усулҳои омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами роҳбарони синф (аз таҷриба). 

Роҳбарони синф
1. Роҳҳои муайян намудани лаёқатмандии хонанда ва ҷалби онҳо ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ (аз таҷриба).
2. Роҳҳои пешгирии низоъҳои байнимактабии хонандагон (аз таҷриба).
3. Мавқеъ ва нақши оила, муассисаи таълимӣ ва роҳбари синф дар ташаккули шахсияти хонандагон.
4. Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартарафсозии он (аз таҷриба).
5. Роҳҳои ҷалби ҳамешагии хонандагон ба китоб ва китобхона (аз таҷриба).
6. Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба волидон ва омӯзгорон.
7. Ваколатҳои роҳбари синф дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматии худ.
8. Ҳамкориҳои  муовини директор оид ба корҳои тарбия ва роҳбари синф бо падару модарон – омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон.
9. Мавқеи Созмони хонандагон дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии хонандагон.
10. Омилҳои асосии ташаккулдиҳии қобилияти зеҳнии хонандагон дар натиҷаи истифода аз технологияи муосири таълим.
11. Ҳамкории муассисаи таълимӣ, оила ва аҳли ҷомеа дар пешгирии ҷинояти наврасону ҷавонон
12.Роҳ ва усулҳои самаранок гузаронидани  соатҳои тарбиявӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба). 

Равоншиносони муассисаҳои таълимӣ
1. Саҳми равоншиноси мактаб дар ташаккули қобилияти зеҳнии хонандагон.
2. Метод ё усулҳои психологии муътадилгардонии муносибатҳои байниҳамдигарии хонандагон ва падару модарон.
3.Омилҳои пайдоиши зуҳуроти манфӣ дар кӯдак ва роҳҳои бартарафсозии он.
4. Нақши равоншиноси мактаб ва саҳми шахсони бо нуфузи маҳал дар инкишофи тафаккури зеҳнии хонандагон.
5. Роҳ ва усулҳои пешгирии қонунвайронкунӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон (аз таҷриба).
6. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли хурди мактабӣ ва роҳҳои таълиму тарбияи онҳо.
7.Заминаҳои психологӣ ва педагогии рушди тафаккури инноватсионии наврасону ҷавонон дар раванди истифода аз технологияи муосири таълим.
8. Хусусиятҳои психологии хонандагони синну соли миёнаи мактабӣ ва усулҳои таълиму тарбияи онҳо.
9. Нақши китоб дар ташаккули зеҳнияти хонандагони хурдсол (аз таҷриба).
10. Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълим.
11. Истифодаи роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълим. 

Педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ)
1.Заминаҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Омӯзиши роҳҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).
3.Дастгирии педагогӣ дар омодасозии муҳити мувофиқ барои татбиқи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим.
4. Мушкилоти тарбия ва таъмини омодагии кӯдакони имконияти маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд (аз таҷриба).
5.Хусусиятҳои таълими савод дар синфҳои 1-уми мактабҳои ёрирасон (кӯдакони узви биноияшон осебдида).
6.Роҳу усулҳои корбарӣ бо кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳамкорӣ бо падару модарони онҳо дар МИК.
7.Заминаҳои педагогӣ-иҷтимоии тарбияи кӯдакони имконияти маҳдуддошта дар раванди таҳсилоти фарогир.
8.Фаъолгардонии кӯдакони камшунаво дар раванди корҳои тарбиявӣ.
9. Ташаккули шуури ахлоқии кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд дар раванди таълим.
10.Ба касбомӯзӣ ҷалб намудани хонандагони имконияти маҳдуддошта (аз таҷриба)
11. Душвориҳои истифодабарии  маводи таълимӣ бо хонандагони  имконияташон маҳдуд дар раванди дарс.

Мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ
1. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор (аз таҷриба).
2.  Роҳбарию назорат ба фаъолияти роҳбари синф ва мураббияҳо дар мактаб-интернат.
3. Тарбияи хонандагони мактаб-интернат дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ.
4.Фаъол гардонидани худхиз-матрасонӣ,  худтарбиякунӣ ва худидоракунии  хонандагони мактаб - интернат бо назардошти таҷрибаи пешқадам
5.Тарбияи фикрию зеҳнӣ ва ташаккули маънавиёти ақлонии хонандагон дар шароити мактаб – интернатҳо.
6.Шӯрои методӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорони мактаб – интернат.
7.Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши онҳо дар тарбияи ахлоқии хонандагони мактаб – интернат (аз таҷриба).
8.Саҳми мураббӣ дар ташаккули нутқи шифоҳӣ, риояи покизагии забон ва одоби муоширати тарбиягирандагон (аз таҷриба).
9.Ташкил ва моҳияти корҳои тарбиявӣ бо хонандагони мактаб – интернат дар хобгоҳ.
10.Ҳамкории  муовини директор оид ба корҳои тарбия бо падару модарон – омили асосии тарбияи ахлоқию маънавии хонандагон. 

Кормандони муассисаҳои томактабӣ
1.Роҳҳои омода намудани кӯдакон ба мактаб ва мушкилоти давраи гузариш.
2. Аҳамияти адабиёти бадеӣ дар  самти дарккунӣ ва фикрронии кӯдакони синну соли томактабӣ.
3.Методҳои психологии тарбияи кӯдакон ва усулҳои истифодабарии онҳо.
4. Машғулиятҳои ҳамгиро  ҳамчун воситаи асосии инкишофи кӯдак
5. Машғулиятҳо оид ба тарбияи маданияти сенсории кӯдакони синни 3-4 сола (аз таҷриба).
6.Инкишофи нутқи  кӯдакони синни томактабӣ.
7.Ташаккули малакаҳои меҳнатӣ дар  синни барвақти бачагӣ.
8. Шиносоӣ бо таҷҳизоти ғайрианъанавии расмкашӣ ва нақши онҳо дар рушди кӯдакони синни томактабӣ.
9.Развитие общения у детей (таълим бо забони русӣ).
10.Развитие логической памяти у детей (таълим бо забони русӣ).
11.Нақши фаъолиятҳо дар инкишофи равонии кӯдакон.
Марказҳои инкишофи кӯдакони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
1.Ҳамкории тарафайни мураббӣ бо падару модарон дар раванди машғулиятҳо.
2.Муносибат ва ҳамкориҳои судманд  бо оила.
3.Ташкил намудани муҳити омӯзиши фаъол.
4. Тасаввурот ва эҷодкорӣ дар синни томактабӣ.
5. Машқ – бозӣ ва нақши он дар инкишофи қобилияти фикрӣ дар кӯдакони синни томактабӣ. 

Синфҳои ибтидоӣ
(таълим бо забони тоҷикӣ)
1.Инкишофи маҳорати мустақилона хондани китоб дар раванди таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
2.Нақши иттиҳодияи методӣ дар рушди маҳорати  касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ (аз таҷриба).
3.Аҳамияти тарбия дар инкишофи шахсии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
4.Истифодаи воситаҳои аёнӣ–омили муҳими ташаккули фикрии хонандагон.
5.Истифодаи методҳои интерактивӣ (усулҳои ҳамкорӣ), суҳбат, мубоҳиса ва нақшофарӣ дар ҷараёни таълим.
6.Нақши китобҳои бадеӣ дар таълими  хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
7.Усулҳои дар кӯдакон такмил додани қобилияти дарккунии мазмуни матн ҳангоми шунидани он (аз таҷриба).
8.Нақши хониши беруназсинфӣ дар таълими синфҳои ибтидоӣ.
9.Усули гузаронидани санҷиши тестӣ ва аҳмияти он дар рушди дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
10.Таъсири олами атроф дар ташаккули  зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
11.Методикаи  ташкили корҳои беруназсинфӣ аз фанни  математика дар синфҳои камнуфус.
12.Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагон дар раванди таълими  математика.
13.Тарзи таълими ҳамгироии байнифаннӣ–тасвир намудан, сохтан, ҳисоб кардан ва сурудан.
14.Роҳу усулҳои гузаронидани бозиҳои таълимӣ дар дарсҳои забони модарии синфи 4 (аз таҷриба).
15.Нақши китоб дар ташаккули неруи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
16.Ташаккули шавқу ҳавас ва донишандӯзии хонандагони синфҳои  камнуфус дар раванди таълими фанни табиатшиносӣ.
17.Ҳалли масъалаҳои мураккаб аз фанни математика дар синфҳои 3 ва  4 (аз таҷриба).
18.Роҳу усулҳои ислоҳи хатоҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ. 

Для учителей начальных классов
1.Развивать навыки самостоятельному чтению в процессе обучения начальных классов.
2.Роль методического  объединения в профессиональной развитие учителей начальных классов.
3.Роль воспитания в развитии личности учащихся начальных классов.
4.Использование наглядных пособий важная задача для умственно развитие учащихся начальных классов.
5.Роль художественной литературы в обучении учащихся начальных классов.
6.Роль внеклассного чтения в обучении учащихся начальных классов.
7.Методы проведения контрольных тестов и их значение в развитие знание учащихся начальных классов.
8. Влияные окружающей среды в развитии учащихся начальных классов.
9.Методика проведения внеклассных работ по математике в отстающих классах.
10.Развивать интерес и стремление учащихся к учебе в процессе обучения математики.
11.Методы  проведения игровые обучения на уроках русского языка.
12.Роль книги в развитии зрительной памяти учащихся начальных классов.
13.Развивать интерес и стремление учащихся к учебе в процессе обучения природовведение.
14.Решение сложных задач по метематике в 3 и 4 классах.
15.Пути и методы исправления ошибок учащихся начальных классов.
16.Сотрудничество учителей с родителями в процессе обучения.

Забон ва адабиёти тоҷик ва
маърифати оиладорӣ
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) роҳнамо ва ҳидоятгари омӯзгорони  забон ва адабиёти тоҷик.
2.Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанҳои забону адабиёт ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон (аз таҷриба).
3.Омилҳои асосии  ташаккули зеҳнии хонандагон дар дарсҳои забон ва адабиёт (аз таҷриба).
4.Тарзи гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ аз фанни адабиёт дар мавзӯи «Об - манбаи ҳаёт».
5.Ҷанбаи хештаншиносӣ ва меҳнатпарастӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва истифодаи он дар  дарсҳои забон ва  адабиёт.
6.Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
7.ЭССЕ – омили инкишофи фикрии хонанда.
8.Корҳои беруназсинфӣ аз фанни адабиёт ва нақши меҳварии онҳо дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон.
9.Муносибати босалоҳият ба таълим – талаботи замон.
10.Кор бо луғат–яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони модарӣ (аз таҷриба).
11.Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои  забон ва адабиёт.
12.Риояи меъёри баҳогузорӣ ба ЭССЕ ва тарзи ислоҳи ғалатҳои хонандагон дар корҳои хаттӣ.
13.Тафсири асосҳои анъанавии муносибатҳои тарафайни писарону духтарон дар дарсҳои маърифати оиладорӣ.
14. Маърифати рӯзгордорӣ ва нигоҳдории  манзил,
15.Сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон,
16.Никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он. 

Русский язык и литература
1.Пути и методы использования Обращение Президента Республики Таджикистан к Маджлиси Оли Республики Таджикистан (от 26.12.2019) на уроках русского языка и литературы.
2.Актуализация содержания внеурочной работы в общеобразовательных учреждениях.
3.Формирования културы чтения школьников на уроках русского языка.
4.Свойства самопознания и патриотизма в произведниях Основоположника мира и Национального единства, Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, пути и методы их исползования в процессе уроках русского языка и литературы.
5.Повышение читательской и речевой культуры  школьников.
6.Использование современных педагогических технологий на уроках русского языка и литературы.
7.Усиление речевой направленности курса русского языка.
8.Опыт преподавания русского языка в условиях нерусской среды.
9.Из опыта работы передовых учителей русского языка и литературы района (города).
10.Методика работы с одарёнными детьми, подготовка к предметной олимпиаде.
11.Новые подходы к организации и содержанию традиционных и инновационных форм методической работы по русскому языку и  литературе.
12.Кабинет русского языка и литературы в школе как средство повышения познавательного интереса к обучению школьников.
13.Мониторинг качество знаний учащихся – основа систематизации знаний по русскому языку и литературе. 

Забони англисӣ
1.Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарси забони англисӣ дар татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим .
2.Тарзҳои самаранок ва бо тартиби дуруст ҷиҳозонидани кабинети забони англисӣ (лингофонӣ).
3.Истифодаи маводи дидактикӣ дар дарсҳои забони англисӣ.
4.Тарзу усулҳои таълими замонҳои феъл дар дарси забони англисӣ.
5.Усулҳои инноватсионии баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар ҷараёни таълим (аз таҷриба).
6.Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар раванди дарсҳои забони англисӣ (аз таҷриба).
7.Аҳамияти луғат дар ташаккули захираи луғавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
8.Роҳҳои амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020».
9.Кор бо луғат– яке аз усулҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони англисӣ (аз таҷриба).
10.Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
11.Муносибати босалоҳият ба таълим – талаботи замон.
12.Риояи низоми баҳогузорӣ ба сатҳи дониш, маҳорату малаки хонандагон дар доираи муносибати босалоҳият ба таълим.
Забонҳои олмонӣ  ва фаронсавӣ
1.Роҳ ва усулҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон.
2.Кор бо луғат – омили асосии ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони хориҷӣ.
3.Ташаккули малакаҳои фикрронӣ дар дарсҳои забони  олмонӣ.
4.Муҳимияти таълими  интерактивӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ
5.Роҳу усулҳои бой гардонидани захираи луғавии хонандагон ва инкишофи нутқи шифоҳии онҳо.
6.Истифодаи роҳу усулҳои нави таълим дар раванди дарс (аз таҷриба).
7.Меъёри баҳогузорӣ ба корҳои хаттӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон.
8.Кор бо ғалатҳои хонандагон – омили рушди саводнокии онҳо.
9.Истифодаи бозиҳои шавқовар ва таъмини мустақилияти хонандагон дар дарсҳои забони хориҷӣ.
10.Истифодаи компютер дар дарсҳои забони хориҷӣ.
11.Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ (аз таҷриба). 

Забони давлатӣ
1.Ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ва  иртиботии хонандагон ҳангоми ташкили фаъолияти таълимӣ (аз таҷриба).
2.Омӯзиш ва истифодаи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019  ҳангоми таълими фанни забони давлатӣ.
3.Омӯзиши забони давлатӣ бо усулҳои интерактивӣ дар замони муосир.
4.Кор бо луғат–яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани захираи луғавии хонандагон аз фанни забони давлатӣ (аз таҷриба).
5.Тавассути роҳу усулҳои муассир мустаҳкам намудани пояҳои ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шогирдон дар дарсҳои забони давлатӣ.
6.Хусусиятҳои фарқкунанда дар таълими салоҳиятнокӣ.
7.Ёрӣ ба омӯзгорони ҷавон дар самти фаъол гардонидани синф дар ҷараёни дарс.
8.Иштирок ба дарсҳои ҳамкасбон бо мақсади табодули таҷрибаи корӣ, расонидани ёрии методӣ ва тарзи истифодаи усулҳои фаъоли таълим.

Таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ
1.Истифодаи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Уфуқҳои истиқлол» ва «Ҷеҳраҳои мондагор» дар дарсҳои таърих.
2.Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 дар дарсҳои таърих.
3.Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
  4.Такрор, санҷиш ва ба ҳисобгирии сатҳи дониши хонандагон дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
5.Нақши роҳбари иттиҳодияи методии фаннҳои таърих дар такомули маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон.
5.Нақши корҳои берунсинфӣ аз фанҳои таъриху ҳуқуқ дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон (аз таҷриба).
6.Таҷлили санаҳои таърихӣ ва аҳамияти онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии хонандагон.
7.Истифодаи маводи иттилоотӣ чун воситаи фаъолгардонии қобилияти зеҳнии хонандагон.
 8.Истифодаи ҳуҷҷатҳои расмӣ дар дарсҳои таърих (аз таҷриба).
 9.Истифодаи маводи кишваршиносӣ, бостоншиносӣ ва сиккаши-носӣ дар дарсҳои таърих.
10. Аҳамияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар худшиносию худогоҳии хонандагон  (аз таҷриба). 

Асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон
1.Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳукуқ, ҳуқуқи инсон.
2.Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳукуқ, ҳуқуқи инсон.
3.Роҳҳои омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дарсҳои асосҳои давлат ва ҳукуқ, ҳуқуқи инсон.
4.Унсурҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он тавассути таълими фанҳои асосҳои давлат ва ҳукуқ, ҳуқуқи инсон.
5.Тарбияи ҳуқуқӣ ва нақши он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон.
6.Истифодаи методҳои интерактивӣ дар дарсҳои ҳуқуқи инсон (аз таҷриба).
7.Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар дарсҳои асосҳои давлат ва ҳукуқ, ҳуқуқи инсон  (аз таҷриба).
8.Тарзи гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ оид ба Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (аз таҷриба). 

Математика ва геометрия
1.Арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои математика дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим.
2.  Роҳу усулҳои тайёр намудани хонандагони боистеъдод ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (аз таҷриба).
3.Истифодаи маводҳои дидактикӣ дар дарсҳои алгебраи синфҳои 5-9.
  4.Таҳлили натиҷаи аттестатсияи хатм аз фанни алгебра дар синфҳои 9 ва 11 (мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо).
5.Омӯзиши тарзи ёфтани соҳаи муайянии функсияҳо.
6.Методикаи таълими ҳалли масъалаҳо доир ба созиш аз фанни геометрия.
7.Роҳу усулҳои гузаронидани корҳои мустақилона аз фанҳои алгебра ва геометрия дар синфҳои 7-11 (аз таҷриба).
8.Истифодаи тахтаи электронӣ дар дарсҳои математика.
9.Тарзи ташкил ва гузаронидани дарсҳои иловагӣ аз фанҳои математика, алгебра ва геометрия (аз таҷриба).
10. Методикаи омӯзиши ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ.
 11. Тарзу тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфили математикӣ ва ҷалби хонандагон ба он (аз таҷриба).
12. Роҳҳои асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, тафаккури техникӣ, мусаллаҳ намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани   «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар дарсҳои  математика (аз таҷриба).

Физика ва нуҷум
1. Роҳҳои асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, тафаккури техникӣ, мусаллаҳ намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани   «Бистсолаи  омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф дар дарсҳои  физика ва нуҷум  (аз таҷриба).
2.Татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар таълими фанни физика.
3.Моҳияти ҳалли масъалаҳо дар ҷараёни таълими фанни физика.
4.Ташкил ва гузаронидани озмоиш, намоиш ва корҳои лабораторӣ дар таълими фанни физика (аз таҷриба).
5.Тарзи банақша даровардани дарси яксоата бо назардошти  муносибати босалоҳият дар таълими фанни физика (аз таҷриба).
6.Нақши кабинети фаннӣ дар рушди сатҳу сифати дониши хонандагон.
8.Нақши  иттиҳодияи методӣ дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгор.
9.Роҳу усулҳои банақшагирии таълим аз фанни нуҷум.
10. Роҳу усулҳои ҳалли мушкилот дар таълими фанни физикаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
 11.Мавқеи таълими фанни физика дар амалӣ намудани «Ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар». 

Химия
1.Истифодаи усулҳои интерактивӣ дар таълими фанни химия (аз таҷриба).
2.Роҳу усулҳои тайёр намудани хонандагони боистеъдод ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  аз фанни химия (аз таҷриба).
3.Роҳу усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ аз фанни химия дар синфҳои 10-11 (аз таҷриба).
4.Татбиқи назария ва амалияи раванди инноватсионӣ дар дарсҳои химия.
5. Роҳу усулҳои арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои химия.
6.Истифодаи саволномаҳои тестӣ дар раванди таълими химия дар синфи 9.
7.Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва «Маҳфили фаннӣ» дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
8.Истифодаи маводи дидактикӣ ва ёрирасони таълимӣ – маҳаки асосии рушди тафаккури хонандагон.
9.Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ дар дарсҳои химия. 

Биология ва экология
 1. Роҳҳои асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, тафаккури техникӣ, мусаллаҳ намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси нишондоди Пешвои муаззами миллат дар барномаи «Бистсола рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои соҳои 2020-2040» дар дарсҳои биология ва экология (аз таҷриба).
2.Тартиби банақшагирии маводи омӯзишӣ дар маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо аз фанҳои биология ва экология.
3.Тарзи ҷиҳозонидани кабинети биология дар муассисаҳои таълимӣ.
4.Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар дарсҳои биология ва экология.
4.Роҳу усулҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ аз фанни биология дар синфҳои 5-6.
5.Арзёбии донишу малака ва маҳорати хонандагон дар дарсҳои биология дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим.
6.Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» дар муассисаҳои таълимӣ (аз таҷриба).
7.Тартиби гузаронидани дарси кушод бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз фанни экология (аз таҷриба).
8.Роҳҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон (аз таҷриба).
9.Роҳҳои гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон аз фанҳои биология ва экология (аз таҷриба).
10. Роҳҳои тайёр намудани хонандагон ба олимпиадаҳои гуогун аз фанни биология.
11. Рушди тарбияи экологии хонандагон дар замони муосир.
12.Ҳолат ва дурнамои ташаккули тафаккури экологии хонандагон ҳангоми дарс (аз таҷриба). 

География, асосҳои иқтисодиёт
1.Истифодаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон аз 26.12.2019 дар дарсҳои география.
2. Роҳҳои самараноки истифодаи харитаи мактабӣ ва дигар маводи иловагии таълим дар дарсҳои  география.
3.Тартиби гузаронидани дарси кушод бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз фанни география (аз таҷриба).
4.Усулҳои гузаронидани «Ҳафтаи фаннӣ» ва маҳфили географӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
5.Роҳҳои истифодаи таҷҳизоти таълимии муосир дар дарсҳои география.
6.Метод ва усулҳои гузаронидани корҳои амалӣ ва дарсҳои саёҳат аз фанни география (аз таҷриба).
7.Ташкили бозӣ ва саёҳат ҳамчун воситаи донишандӯзии хонандагон дар раванди дарсҳои география.
8.Саволномаҳои тестӣ-омили муайян намудани сатҳу сифати дониши хонандагон.
9.Воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарси география.
10.Масъалаҳои экологӣ дар таълими фанни географияи Тоҷикистон.
11.Мушоҳида ва таҷриба - воситаи фаъолгардонии хонандагон дар раванди омӯзиши фанни география
12.Нақшабандии мавзӯъҳои фанни «Асосҳои иқтисодиёт» вобаста ба соатҳои дарсии пешбинишуда.
13. Методикаи таълими мавзӯъҳои «Бозори меҳнат ва хусусиятҳои он». 

Технологияи иттилоотӣ
1. Роҳҳои асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ, донишҳои замонавӣ, тафаккури техникӣ мусаллаҳ намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси нишондоди Пешвои муаззами миллат дар барномаи «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои соҳои 2020-2040» дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ ( аз таҷриба).
2.Тартиб ва риояи техникаи бехатарӣ дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ.
3.Роҳу воситаҳои фаъолгардонии хонандагон дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ.
4. Истифодаи методҳои  инноватсионии таълим дар дарсҳои технологияи иттилоотии  муассисаҳои таҳсилоти   умумӣ.
5.Усулҳои гузаронидани ҳафта ва маҳфилҳоии фаннӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
6.Роҳу усулҳои барномасозӣ дар раванди дарсҳои  технологияи иттилоотӣ.
7.Чорабиниҳои беруназсинфӣ ва нақши он дар самаранокии таълим  аз фанни технологияи иттилоотӣ.

Технология (таълими меҳнат)
1.Роҳҳои ҷалби хонандагон ба интихоби мақсадноки касб  вобаста ба талаботи «Ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар».
2.Ташкил ва ҷиҳозонидани гӯшаи ҳунарҳои миллӣ ва рушди деҳот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз таҷриба).
3. Роҳҳои ба нақша гирифтани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар таълими технология (таълими меҳнат) дар синфҳои 8-10-и  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
4.Интихоби дурусти  касб - омили хушбахтии инсон.
5.Роҳҳои ҳалли  мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими технология (таълими меҳнат).
6.Мавқеи таълими фанни технология (таълими меҳнат) дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди деҳот.
7.Нақши омӯзгор дар ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои «Дӯзандагӣ», «Пухтупази хӯрокҳои миллӣ», «Кешбофӣ», «Дуредгарӣ» ва «Кашидадӯзӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.
8.Тарзи ташкил ва таҷҳизонидани кабинети интихоби касб.
9.Усулҳои таълими коркарди чӯб дар дастгоҳҳои  фрезерӣ ва асбобҳои барқии харротию челонгарӣ.
10.Омӯзиши таъмири асбобҳои рӯзгор дар машғулиятҳои технология (таълими  меҳнат).
11.Тарзи ба нақшагирӣ ва гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ…»  (аз таҷриба). 

Нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ
1.Истифодаи технологияи нави таълим дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои нақшакашӣ  ва санъати тасвирӣ  (аз таҷриба).
2.Тартиб додани нақшаи тақвимӣ ва дарсӣ аз фанҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
3.Истифодаи самараноки воситаҳои аёнӣ дар дарсҳои нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ.
4.Ташкили самарноки фаъолияти маҳфил-яке аз омилҳои баланд бардоштани  майлу рағбати хонандагон.
5.Усулҳои таълими тасвир аз асл дар ҷараёни дарс (аз таҷриба).
6.Мақсаднок ва бошуурона  ба роҳ мондани омӯзиши фанни «Санъат ва меҳнат»    дар синфҳои ибтидоӣ. 

Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ
1.Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва равнақи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.Тарз ва тартиби гузаронидани санҷишҳои нишондиҳандаи омодагии ҷисмонии хонандагон аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳои 9-11 (аз таҷриба).
3.Раванди инноватсионии таҳсилот дар таълими фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
4.Тартиби ташкил, ҷиҳозонидани толор ва майдончаҳои варзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ (аз таҷриба).
5.Тарбияи хештаншиносӣ ва ҳарбӣ-ватанпарастӣ дар дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ.
6.Методикаи  муосири таълими машқи саф дар синфҳои 10-11.
7.Аҳамияти машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар тарбияи  ватанпарастии хонандагон.
8.Ташаккули шахсият ва тарбияи ҳисси ватанпарастии хонандагон дар раванди таълими омодагии  ибтидоии ҳарбӣ.
9.Истифодаи технологияи инноватсионии таълим дар раванди омӯзиши фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ».
10. Таҳлил ва баррасии роҳҳои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии хонандагони синфҳои болоӣ дар раванди таълими омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ.
11.Тартиби гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан»  (аз таҷриба). 

Суруд ва мусиқӣ
1.Мушкилоти мавҷудаи дарси суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо (аз таҷриба).
2.Нақши санъат ва фарҳанг дар тарбияи зебопарастии кӯдакон ва наврасон.
3.Оила- омили асосии тарғиби тарбияи эстетикии кӯдак.
4.Хусусиятҳои фарқкунандаи омӯзиши фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
5.Методҳои инноватсионии таълими дарси «Суруд ва мусиқӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
6.Тарзи гузаронидани соати тарбиявӣ дар мавзӯъҳои «Наврӯзи ҳуҷастапай», «Ваҳдати миллӣ», «Меҳргон - ҷашни миллист», «Бузургон дар ситоиши зан - модар» (аз таҷриба).
7.Муҳимияти омӯзиши суннатҳои қадимаи санъат ва мусиқии мардумӣ тавассути технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.
8.Усулҳои омӯзиш ва технологияи таълими фанни «Суруд ва мусиқӣ» дар синфи 1. 

Алифбо ва матни ниёгон
1.Ҳадафҳои асосии таълими имло аз фанни алифбо ва матни ниёгон.
2.Тарзи таълими ҳуруфи мунфасила  аз  (таҷриба).
3.Роҳу усулҳои таълими ҳарфҳои муттасила аз фанни алифбо ва матни ниёгон.
4.Таълими ҳусни хати «Алифбо ва матни ниёгон»  (аз таҷриба).
5.Роҳҳои  таълими калимаҳое, ки дар таркибашон «айн» ва «ҳамза» доранд.
6.Истифодаи бозӣ дар дарсҳои «Алифбо ва матни ниёгон» (аз таҷриба).
7.Санҷиши дониши хонандагон тавассути гузаронидани мониторинг.
Китобдорони муассисаҳои таълимӣ
1.Роҳҳои ғанӣ гардонидани  фонди китобхонаи муассисаҳои таълимӣ.
2.Банақшагирии фаъолияти китобхона- омили асосии дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан  ба арзишҳои  фарҳангиву миллӣ тарбия намудани хонандагон (аз таҷриба)
3.Саҳми чорабиниҳои беруназсинфию фарҳангӣ дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба китобу китобхона.
4. Китоб - манбаи дониш ва омили муҳими ташаккули маърифат ва ҷаҳонбинии хонандагон.
5.Нақши китобу китобхона дар ҳаёти шахсии хонандагони  муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа.
6.Истифодаи маводи инноватсионии китобхонаи мактабӣ: роҳҳои ҷадиди ташкил ва ташаккули он.
7.Саҳми китобхонаи муассисаи таҳсилоти  умумӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷаҳонбинии хонандагон.
8.Роҳҳои самараноки ҷалби  хонандагон ба китобхона.
9.Саҳми падару  модар дар бедор намудани шавқу рағбати фарзанд ба китобхонӣ.

Роҳбарони Созмони хонандагон
1.Тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии  ҳодисаҳои номатлуб ва мусоидат дар солимгардонии ҳаёти хонанда.
2.Тартиби гузаронидани чорабинии беруназсинфӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагон дар муассисаи таълимӣ (аз таҷриба).
3.Ташкил ва фаъолияти  созмон дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосӣ.
4.Тартиби ба нақшагирии фаъолияти Созмони хонандагон дар муассисаи таълимӣ тибқи нишондоди Низомномаи Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  умумӣ  (аз таҷриба).
5.Нақши Созмони хонандагони муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти хонандагон.
6.Пешгирии ҷинояти ноболиғон – асоси тарбияи ахлоқии хонандагон.
7.Роҳу усулҳои ба мактаб ҷалб намудани хонандагони  аз мактаб  дурмонда  ё  мактабро  худсарона тарк намудани онҳо (аз таҷриба).
8.Ваҳдати миллӣ - омили рафоқату дӯстӣ ва ҳусни башардӯстии хонандагон.