Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


ДАСТАИ ОЛИМПИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ПОЙТАХТ ДАР САБҚАТИ МИНТАҚАҲОИ ҶУМҲУРӢ БОЗ БЕҲТАРИН ДОНИСТА ШУД.

15 Мая 2021 08:05

Количество просмотров: 2426

Яке аз нишододҳои сифатан беҳтар гардидани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад, ки дар онҳо ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, дар се соли охир дар байни минтақаҳои кишвар сазовори ҷойи аввал дониста мешаванд. Дар асоси фармоишҳои дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ санаҳои 3-4 апрели соли 2021 ва Олимпиадаи даставии наврасон барои синфҳои 7-8 санаҳои 15-16 майи соли ҷорӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар Олимпиадаҳои зикргардида хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт фаъолона ширкат варзида сазовори 286 ҷойҳои ифтихорӣ (61 ҷойи аввал, 98 ҷойи дуюм, 127 ҷойи сеюм) гардида, дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Аз ҷумла дар Олимпиадаи номии хонандагони синфҳои 11- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе сазовори 135 ҷойи ифтихорӣ (31 нафар ҷойи аввал, 50 нафар ҷойи дуюм, 54 нафар ҷойи сеюм) гардиданд. Аз 135 ҷойи ифтихорӣ, 83 ҷойҳои ифтихориро хонандагони муассисаҳои таълимии буҷетии шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Боқимонда 52 ҷойи ифтихориро муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетии пойтахт сазовор гардиданд.
Дар Олимпиадаи даставии наврасон барои синфҳои 7-8 бошад дастаи шаҳри Душанбе сазовори 151 ҷойи ифтихорӣ (30 ҷойи аввал, 48 ҷойи дуюм, 73 ҷойи сеюм) гардиданд. Аз 151 ҷойи ифтихорӣ 97 ҷойҳои ифтихориро муассисаҳои таълимии буҷетии пойтахт ба даст оварданд. Боқимонда 54 ҷойи ифтихориро муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетии шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

Натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявии даставии наврасон миёни хонандагони синфҳои 7-8 аз Литсейи Президентӣ.

1. Ахмедова Мадина-биология 88,5 хол, ҷойи якум.
2. Хушқадамов Шамил-биология 85 хол, ҷойи якум.
3.Зарифова Мижгона-биология 83 хол, ҷойи якум.
4. Ҳамидов Абдулазиз-забони англисӣ 74 хол, ҷойи якум.
5. Саидвали Жасмин-забони англисӣ 70 хол, ҷойи дуюм.
6. Масумбекова Томирис-забони русӣ 70 хол, ҷойи дуюм.
7. Холзода Дилноза- забон ва адабиёти тоҷик 73 хол, ҷойи дуюм.
8. Сафаров Эҳсон-математика 50 хол, ҷойи сеюм.
9. Раҳимов Муҳаммадҷон-ҳуқуқ 64 хол, ҷойи сеюм.
10. Ҳадисамои Абдулҳанон-ҳуқуқ 54 хол, ҷойи сеюм.
11. Маҳмудов Мубинҷон-ҳуқуқ 53 хол, ҷойи сеюм.
12. Эмомалиева Мафтуна-забони русӣ 69 хол, ҷойи сеюм.

187264432_336773531125222_3634721072448705077_n.jpg

186865885_336773171125258_5492082917658015682_n.jpg