2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
18 февраля 2020 03:02
Количество просмотров: 24406
Дар ин китобча нахустин нигоштаҳои талабаи синфи 5-и МТМУ рақами 47-и ноҳияи Сино Мадина Каримзода гирд оварда шудааст. Мадина узви фаъоли махфили «Ҳамешабаҳор» аст, ки ба он шоири шинохта Хайрандеш роҳбарӣ мекунад. Ба китоби нахустинаш «Ҳамешабаҳор» ном гузоштани Мадина низ арҷгузорӣ ба устодаш Хайрандеш ва маҳфили “Ҳамешабаҳор” аст. Албатта, нигоштаҳои Мадина ҳанўз шогирдонаанд ва аз камбуд орӣ нестанд. Вале аз азми устувор ва меҳру муҳаббати самимиаш ба сўханварӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ин ду шеър чун муште аз хирвор аз китоби “Ҳамешабаҳор”-и Мадина Каримзода тақдими шумо, хонандагони азиз, бод!
ТАРСОНЧАК
Тарсончаки беқарор
Баҳона дорад бисёр
Аз ҳама чиз метарсад
Ҳатто аз чор фасли сол
Гар бигўй тарсончак
Ана омад зимистон
Намеравӣ ба берун
Ба кўҳҳои кўҳистон?
Тарсончак гўяд ба мо:
Наравам ман ба ҳеҷ ҷо.
САНҶИШ
Писаракеро дидам
Ўро дар роҳ санҷидам
Гуфтам ба ў бо ҳавас,
Эй писараки наврас.
Ҳарфҳоро ту медонӣ?
Китоб хонда метонӣ?
Гуфто чаро натонам,
Магар ман нотавонам?
Китоби афсонаро,
Ғазалу «Шоҳнома»-ро
Дар намонда мехонам.
Алифборо медонам.
Ман акнун калон шудам
Бингар китобхон шудам.
Шарофат Мирзоева,
сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.