Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Нақши китобхона дар ташаккули фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа

25 февраля 2020 05:02

Количество просмотров: 16924

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигохдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд. Ва беҳуда нест, ки китобхонаҳои бузург ва номдори олам боиси ифтихори тамоми инсоният ба шумор мераванд.

Эмомалӣ Раҳмон

 Чун маълум аст, ки дар хусуси китоб, нақши он, хизматҳои таърихии ин каломи навиштор ва нигоҳдорандаи фарҳанги бою ғанӣ ҷилд-ҷилд китоб иншо намоему аз дарёи бепоёни он соатҳову солҳо ҳарф бизанем, ин хеле кам хоҳад буд. Аз ин хотир, мехоҳам таваҷҷуҳи хонандаи закӣ, ҳаводорони мутолиаро ба мазӯи китобхона ҷалб кунам, то фаҳмида шавад, ки ин боргоҳи муқаддас ва маърифат, чӣ нақше дар ҳаёти ҷомеа дорад.

 Китобхона ҳамчун маркази ҷамъоварӣ ва нигаҳдории маводи илмию таълимӣ маҳсуб гардида, равиши соддае барои истифодабарандагон мебошад. Пас, маълум мегардад, ки китобхона дар ҷомеа нақши муҳим ва муассире дорад, ки ҳар ҷомеае барои пешрафти илму дониш ба мутолиаи китоб ниёз дорад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун фарҳангсолор, тамаддунсоз ва инсони китобдӯст шинохта шудаанд. Сарвари хирадманди тоҷикон китобро дар баробари муқаддастарин арзишҳо Модар ва Ватан гузоштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хоса доштани Президенти кишвар ба китоб аст. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият боиси рушди соҳаи китобу китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави замонавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва чандин китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар замони истиқлолият, балки дар таърихи халқу миллати тоҷик дастоварди бесобиқа маҳсуб меёбад ва аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

 Таҷрибаи фарҳанги китобхонадории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти рушди фикронӣ ва рушди фарҳангӣ аз китобхона ва тарзи дастрасии китоб аз он вобастааст. Аз ин рӯ, фарҳанги китобхонӣ ва китобдорӣ дар ҷомеа василаи асосии рушди тамаддун ва шинохти мероси илмӣ - адабӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Таъкид бояд кард, ки дар замони кунунӣ ҳарчанд пешрафт ва тараққии расонаҳои интернетӣ назаррасанд, вале китобхона ва фарҳанги китобдорӣ нақши асосӣ дорад. Фаъолияти китобхонаҳо дар ҳамаи кишварҳо маҳз ба хотири рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа амал намуда, то ба имрӯз ҳеҷ яке аз расонаҳои ҷаҳонӣ натавонистааст ҷойгоҳ ва мақоми онро гирад.

Тавре ки маълум аст, интернет дар солҳои 60-70 садаи XX пайдо шудааст, аммо осори бузурги илмӣ-адабӣ аз қадим то ба имрӯз ҳам дар шакли дастхат ва ҳам дар шакли китоб дар китобхонаҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Китобхонаро метавон ниҳоди илмӣ ва макони баргузории ҳамоишҳои илмӣ номид. Пас ин ниҳод барои соҳибназарон ва донишмандон макони бисёр муқаддас маҳсуб меёбад, зеро пешравию шукуфоии истеъдодҳои ҳам донишмандон ва ҳам донишҷӯёнро ба қуллаҳои баланди зеҳнию фикрӣ бурда мерасонад. Рушду нумӯи тамаддун ва фарҳанг дар ҷомеа маҳз тавассути донишандӯзӣ ва шинохти осори бузурги гузаштагон ба анҷом мерасад. Китоб ганҷ бошад, пас китобхона ганҷина аст. Дар воқеъ ҳар ҷомеаеро аз ҷаҳлу нодонӣ танҳо китоб метавонад берун оварад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ҷойгоҳи китобат ва ё китобхона дар ҷомеа барои рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа бисёр муҳим буда, пайғамбари Ислом низ уммати худро пайваста ба ҳифзи кутуб ва китобати он мефармуданд.

 Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 6050 китобхона фаъолият дошта, инчунин, дар саросари кишвар мағозаи фурӯши китоб рӯз аз рӯз зиёд шудаву фаъолияти ҳамешагӣ доранд.

 Таъкид ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар тамоми баромададҳояшон дар самти маърифаткунонии ҷомеа ва ҳифзи фарҳанги миллӣ пайваста китоб ва китобхонаро дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ таъкид менамоянд. Аз ин рӯ, месазад, ки ҷомеаи имрӯзаи мо ба гуфтаҳои боло назари некандешона зоҳир намоянд ва дар ҳар як хонадон китобхонаҳои шахсӣ созмон дода бошанд, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.

 Имрӯз пушида нест, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи насли наврасу ҷавон, балки дар тарбияи хушаҳлоқӣ ва пешгири онҳо аз ҳаргуна гароишу ҳаракатҳо, рафторҳои ношоиста саҳми сазовор дорад.

 Бо назардошти ин, кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ баҳри тарғибу ташвиқӣ ҳамаҷонибаи сиёсати бунёдкоронаву сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар байни хонандагон чорабиниҳои гуногуни шавқовар гузаронида, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ хонандагон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз мавқеи устувори китобхонаҳо ҳамчун маркази илму маърифат мебошад, ки ҳазорон хонандагон роҳи дурустро дар зиндагӣ касб намуда, соҳиби касбу кор гардидаанд. Имрӯз кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз он ифтихор доранд, ки хонандагони дирӯзаашон имрӯз сиёсатмадор, табибу дорусоз, омӯзгору олим ва мутахассисони соҳаи гуногун мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки кормандони китобхонаҳо аввалин шуда мисли занбӯри асал, ангубин мавод ҷамъ оварда, пешкаши гурӯҳи васеи хонандагон мегардонанд. Кормандони даргоҳи илму маърифат ҳамчун шӯълапошоне ҳастанд, ки шахсони ба ин даргоҳи илму маърифат воридшударо пурнур менамоянд.

Зафари Гулмурод – муовини сардори

шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ