Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 3
4 5 6 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


Муваффақияти навбатии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт

23 Мая 2021 04:05

Количество просмотров: 655

Санаи 22-23 - юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-6 баргузор шуд. Ҷамъомадро директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф дарёфт ва рушди истеъдодҳо мебошад. Барои пешрафти ин бахши муҳим «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015 - 2020» қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шуда буд. Агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як олимпиада баргузор мешуд, айни замон теъдоди озмунҳои фаннӣ ба 21 адад расидааст.

Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён  қайд намуд, ки имрӯзҳо ҳаракати олимпӣ дар кишвар вусъати тоза касб намудааст ва хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, обрӯву эътибори Ватани соҳибистиқлоламонро баланд мебардоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сабқати дурӯза 811 нафар ғолиби даври минтақавию вилоятӣ, аз ҷумла, аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 318 хонанда ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 493 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок варзиданд. Довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, география, математика, ботаника ва технологияи иттилоотӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Озмун маълум кард, ки 392 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 72 нафар соҳиби медали тилло, 139 нафар соҳиби медали нуқра ва 181 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд. Хонандагони шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ, 119 медал, аз ҷумла, 32 медали тилло, 46 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ ба даст оварда, дар зинаи авввали ҷадвали озмун қарор гирифтанд. Довталабон аз вилояти Хатлон 107 медал, аз ҷумла, 12 медали тилло, 31 медали нуқра ва 64 медали биринҷиро соҳиб шуда, ҷойи дувумро аз худ карданд. Намояндагони вилояти Суғд 88 медал, аз ҷумла, 16 медали тилло, 38 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51 медал, аз ҷумла, 11 медали тилло, 14 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27 медал, аз ҷумла, 1 медали тилло, 10 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

НАТИҶАИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ НАВРАСОН МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 5-6 АЗ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ.

1. Акмалома Амина – забон ва адабиёти рус 71 хол, ҷойи якум.
2. Хайруллозода Сумая – биология 85 хол, ҷойи якум.
3. Галистинова Аниса – биология 84 хол, ҷойи якум.
4. Мардонов Раббонӣ – биология 77 хол, ҷойи якум.
5. Юсупов Меҳрубон – математика 68 хол ҷойи якум.
6. Валиева Саодат – забон ва адабиёти рус 67 хол, ҷойи дуюм.
7. Шарипова Тамирис – забон ва адабиёти рус 63 хол ҷойи дуюм.
8. Ходжибоев Самир – технологияи иттилоотӣ 52,7 хол, ҷойи дуюм.
9. Қосимзода Яқуб – забон ва адабиёти тоҷик 63 хол, ҷойи дуюм.
10. Холиков Дамир – технологияи иттилоотӣ 38 хол, ҷойи сеюм.
11. Бобоев Беҳрӯз – математика 36 хол, ҷойи сеюм.

188204650_340954974040411_4472403194708606737_n.jpg

188280611_340954924040416_3033199280982025827_n.jpg

191022431_340931494042759_5288672303757571299_n.jpg

190199934_340954834040425_376687396847201239_n.jpg