Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

МУТАХАЛЛИС БА «ДОНИШ» ВА МУҚАЛЛАБ БА «КАЛЛА». Дар шаҳри Тошканд девони Аҳмади Дониш дарёфт шуд

20 февраля 2020 03:02

Количество просмотров: 23531

Дар Академияи илмҳои Ӯзбекистон девони ашъори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш дарёфт гардид. Дар ин бора Файзхоҷа Маҳмудов, муҳаққиқи бахши дастнависҳои нодири Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ, зимни матлабе дар сомонаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ додааст, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре Файзхоҷа Маҳмудов дар мақолаи худ  зикр намудааст, то ҳол аз осори Аҳмад Махдуми Дониш китобҳои насрӣ, амсоли «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таъовун», «Шарҳи ҳоли амирони Бухорои шариф», «Номус-ул-аъзам», «Меъёр-ут-тадайюн», дар улуми табиӣ  — «Зийҷи Аҳмади Дониш» ва «Манозир-ул-кавокиб» маълум буданд. Акнун  намунаҳои осори назмии ӯ низ ба даст омадааст.

Файзхоҷа Маҳмудов, ки   масъулияти қироати матнҳои душворхони форсию арабиро бар дӯш дорад,  ҳамчунин илова намудааст, ки  ашъори Аҳмади Дониш дар ҷараёни тартиб додани Феҳристи нави дастнависҳои шарқи Академияи  илмҳои  Ӯзбекистон пайдо шудааст. Бино ба қавли ӯ, дар феҳристи қаблии дастнависҳои Академияи илмҳои Ӯбекистон, ки  бо номи «Феҳристи академик Семёнов» маъруф аст ва тахминан 40 сол муқаддам   мураттаб шудааст, ашъори Аҳмади Дониш ворид  нагардидааст.

«Хушбахтона, рӯзе дар миёни анбӯҳи нусхаҳо чашмам ба ин дастхати девони Аҳмади Дониш, ки воқеан ҳам дар миёни як ҷилди се асар доштаи як дастнависи қарни XIX пинҳон шуда буд, афтод. Пас аз баррасиҳои ҳамаҷониба бо коршиносон ин девонро ба Феҳристи нав чун асари алоҳида ворид кардем, ки мухтасаран аз мушаххасоти зерин иборат аст: забон – тоҷикии форсӣ, муаллиф – Аҳмад махдум бин ан-Носир ас-Сиддиқӣ, мутахаллис ба Дониш ва мулаққаб ба Калла», — менависад Файзхоҷа Маҳмудов.

Тибқи  навиштаи ӯ, девони Аҳмади Дониш аз 60 варақ иборат буда, моҳи октябри соли 1880 дар Бухорои Шариф аз сӯи котибе ба номи Абдулҳафиз бо хати настаълиқи Бухорову коғази дастсохти Хӯқанд китобат шудааст ва ашъор аз ғазалҳо, қасидаи муноҷот бо санъати ширу шакар, мухаммасҳои худи муаллиф бар ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз, Бедил, Имлои Бухороӣ, Ҷомӣ, Носир иборатанд.

«Дар истинсохи нусха, мутаассифона, котиб ба баъзе хатову иштибоҳоти имловӣ ва арӯзӣ роҳ додааст, вожаҳоеро низ нохудогоҳ сарфи назар кардааст, ки ин ҳама ҷузъӣ буда, бар асолат ва арзиши умумии дастнавис осебе намерасонад», — навиштааст Файзхоҷа Маҳмудов.

Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки дарёфти девони ашъори Аҳмади Дониш бар овозаву шоеаҳое, ки гӯё ӯ шеър наменавишта ва девоне ҳам надоштааст, нуқта мегузорад ва дарҳои нави таҳқиқотро бар мабнои осори назмии Аҳмад Махдум ба рӯйи муҳаққиқин боз хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Маҳдуми Дониш (1827—1897) яке аз адибон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада ва дар ҳамин ҷо хонадор шудааст.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 — 1843 ба мадраса дохил мешавад. Бино ба қавли сарчашмаҳои адабию таърихӣ,  аз синни хурдсолӣ ба шоирӣрассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон доштааст.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869, баъди  забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Россия маротибаи дуюм  ба Петербург сафар мекунад.  Ӯ дар ин сафараш тараққиёти  Россия ва омилҳои онро  нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад. Аз таассуроти худ аз ин сафарҳо солҳои 1875 — 1882 асари машҳури худ «Наводирулвақоеъ»-ро  навиштааст. Дониш зимни навиштаҳояш алайҳи хурофот ва ифротгароӣ садо баланд карда, ақоиди куҳнаи «тақдиру пешонӣ»-ро мазаммат намудааст ва мардумро ба он талқин кардааст, ки  фирефтаи ҳар гуна ривояту афсона  нашуда, илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро хуб азбар намоянд, касбу ҳунар омӯзанд  ва барои саодату пешрафти худ ва аҳли оилаи худ  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аҳмади Дониш дар синни 70-солагӣ  дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

АКС аз саҳифаи National Library of Uzbekistan дар Facebook.

/АМИТ «Ховар»/