Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ бо Сафири Украина дар Тоҷикистон. Ифтитоҳи “Гӯшаи китоби Украина”

13 марта 2020 05:03

Количество просмотров: 17644

Дар доираи масъалаҳои мавриди суҳбат миёни Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ “Гӯшаи китоби Украина” ифтитоҳ шуд. Акнун шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.

13 марти 2020 Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол Сафири Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Василий Серватюкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судман баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро барои ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Украина дар соҳаҳои китобу китобдорӣ, табодули таҷрибаи кормандони китобхонаҳои ҳарду кишвар, фаро гирифтани кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуда, ҷиҳати амалисозии ин гуфтаҳо ба тасвиб расонидани санади ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии ду кишвар иқдоми хубе арзёбӣ карда шуд. 

Дар фарҷоми мулоқот бо иштироки Раёсати Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма “Гӯшаи китоби Украина” расман дар толори шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Бо ифтитоҳи ин Гӯшаи китоби Украинӣ шумораи гӯшаҳои китоби кишварҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ ба 21 адад расид.

Гуфтанист, ки дар айни замон 21 кишвари олам дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи китоби худро таъсис кардаанд, ки ҳамарӯза хонандагони зиёде аз он баҳра мебардоранд.