Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

1975 1976 1977
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
29 30 31 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН

Андешаҳо дар бораи номзаде, ки дар дилу дидаи мардум ошён доранд. То баргузории интихоботи президентӣ рӯзҳои башумор мондааст. Барои баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ имкони мусоид фароҳам буда, дилхоҳ номзад метавонад иқдомҳои дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ пешбинишударо вобаста ба тарғиб амалӣ созад. Руҳияи мардум низ болида ва эътимодашон ба фардои дурахшони мамлакат қавӣ аст. Табиист, ки дар дилхоҳ интихобот, сарфи назар аз тарғибу ташвиқи номзадҳо хулосаи ниҳоиро мардум мебароранд...

Забони мо - муаррифгару мушкилкушои мо

Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад,  ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи  навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи мода...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!  Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем. Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ  дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд. Эмомалӣ Раҳмон  ОМӮЗГОРОН – НЕРУИ ТАВОНОИ КИШВАР Устодон ва омӯзгорони мӯҳтарам! ...

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!  Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон     Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!   Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.   Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи...

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. ПАЙДОИШИ КАЛАМ
2 Окт

ПАЙДОИШИ  ҚАЛАМ Қалам ҳамкору ҳамзамони осори тасвирию хаттӣ аст. Вай дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку ҳома низ маълум мебошад. Одамони қадим барои тасвиру навишт воситаҳои гуногунро истифода кардаанд ва пас аз най қалам тарошидаанд. Ковокии миёни най ангишт, қурғошим, графит (маъдани сиёҳ) ва ранги хушк мерехтанд.             Пайдоиши  найқалам ва баъзе хелҳои дигари қалам ба замонҳои хеле қадим мансубанд. Найқалам қариб се ҳазор со...

30 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно ҷашн гирифта мешавад

Имрӯз дар Тоҷикистон расман Рӯзи ёдбуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҷлил мегардад. Дар қаламрави шеъри форсӣ шоиреро наметавон ёфт, ки аз ҳайси вусъати иттилоот  ва андеша, шиддати ҳаяҷон, ғалаёни эҳсосот, гуногунии мавзӯъ ва мазмунҳои шеърӣ, дарки амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ, вуқуф бар нафсониёт ва шинохти дардҳои дарунии одамӣ, фарогирии  фалсафаву ҳикмат ва  масоили бисёри дигар бо Мавлавӣ баробар шуда тавонад. Ин ҳама вижагиҳо дар осори Мавлонои Балх, хусусан  “Маснавӣ”-и  Мавла...

22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда...

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати 5500 - солагии Саразм

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям. Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ой...

Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрон!

Истиқлолият- шукуфоиву пешрафти давлату миллат Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз мардуми шарафманду соҳибиқболи тоҷик, 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарбаландона ҷашн мегиранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба ин ҷашни бошукӯҳ табрик намуда, ба хонадони ҳар к...