Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Мактаббачагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Менделеев оид ба химия ширкат меварзанд

8 апреля 2021 11:04

Количество просмотров: 9987

Хонандагони Тоҷикистон дар 55-умин Олимпиадаи байналмилалии Менделеев аз фанни химия барои  мактаббачагон (IMO-55) баромад мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти хадамоти матбуоти факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва, ки ташкилкунандаи олимпиада мебошад, иттилоъ медиҳад.

Олимпиадаи Менделеев аз фанни химия барои мактаббачагон — озмуни бузурги байналмилалӣ мебошад. Он дар ИҶШС ҳамчун Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз фанни химия соли 1967 шурӯъ шуда буд. Вазифаҳоро барои олимпиада ҳайати ҳакамони байналмилалӣ, аз ҷумлаи кимиёшиносони тамоми ҷаҳон таҳия мекунанд. Забонҳои асосии кории ОБМ — русӣ ва англисӣ мебошанд.

Соли 2021 Олимпиада дар шакли онлайн баргузор мешавад. Олимпиадаи байналмилалии Менделеев 21 апрел соати 12:00 ба вақти Москва ифтитоҳ меёбад. Ташкилкунандагон интизор доранд, ки дар олимпиада дастаҳои зиёда аз 25 кишвар иштирок кунанд. Аз ҷумла, мактаббачагон аз Австрия ва Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва Македония, Арманистон ва Исроил, Беларус ва Венгрия, Булғория ва Сурия, Гурҷистон ва Латвия, Эрон ва Қазоқистон, Эстония ва Қирғизистон, Сербия ва Словакия, Тоҷикистон ва Туркманистон, Литва ва Туркия.

Ёдовар мешавем, ки солҳои қабл мактаббачагони Тоҷикистон дар ин олимпиада фаъолона ширкат варзида, сазовори медалҳо мешуданд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, панҷ сол қабл Тоҷикистон аз рӯи шумораи ҷоизаҳои дар олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон дарёфтнамуда дар радифи кишварҳои беҳтарин қарор дошт: соли 2016 хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар олимпиадаҳои мактаббачагон дар 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, 133 медал, аз ҷумла 21 медали тилло, 33 нуқра ва 79 биринҷӣ дарёфт намуданд.

/АМИТ «Ховар»/: https://khovar.tj/2021/04/maktabbachagoni-to-ikiston-dar-olimpiadai-bajnalmilalii-mendeleev-oid-ba-h...