Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПЕШВО"

14 апреля 2021 04:04

Количество просмотров: 9471

Имрӯз бо иштироки Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Ғайратзода Л.Д. – директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пешво” Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд.

Тибқи рӯзномаи Маҷлиси ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Пешво” давоми семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Ҳамчунин Исмоилзода Б.М. бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Пешво” озод гардида, дар ҳамовози аъзои ташкилот Ғайратзода Л.Д. - директори муассисаи таълимии давлатии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе раиси ташкилоти ибтидоии “Пешво” интихоб гардид.

Ҳамзамон, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал оварданд, ки бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда дар амали намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханрони ёдовари намуданд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф мекунанд, муттаҳид намудааст.

Илова бар ин, дар Маҷлис масъалаҳои таҳлили муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳлили шумораи аъзои ҳизб, ҳаракати аъзо, қабул ва хориҷ аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар фарҷом ба як қатор аъзои фаъоли ҳизб Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ташкилию сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳким бахшидан ба корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани мавқеъи ҳизб дар ҷомеъа сарфароз гардонида шуданд.

173958034_3867542763342711_3675763332057711001_n.jpg