Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Китоби олими тоҷик Ҳасани Султон оид ба забони давлати Сомониён дар Аврупо ба нашр расид

16 марта 2020 11:03

Количество просмотров: 18622

Дар остонаи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму зиёиёни мамлакат ва ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз китоби нави шоир ва олими тоҷик, доктори илми филология, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи табиатшиносии Федератсияи Россия Ҳасани Султон (Мирзоҳасан Султонов) — «Забони давлати Сомониён» тавассути нашрияи бонуфузи академии «Palmarium academic publishing» (Германия) ба нашр расид.

Дар муқаддимаи китоб таъкид шудааст, ки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ нақши давраи Сомониёнро дар таъмини ҳастии миллат ва забону фарҳанги мо сарнавиштсоз арзёбӣ кардааст. Ба андешаи Пешвои миллат, «маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд. Донишмандони тавоное, чун устод Садриддини Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Евгений Бертелс борҳо изҳор доштаанд, ки агар Сомониёни хирадпарвару фарҳангдӯст ба арсаи сиёсат ва давлат намеомаданд, имрӯз сарзамини тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қаламрави нажоду забони аҷнабиён ба шумор мерафт ва адабу фарҳанги ҷаҳоншумули мо чун ғунча лаб во накарда, пажмурда мегашт ва ба боди хазон мерафт. Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хосса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд».

Дар робита бар ин, дар китоби «Забони давлати Сомониён» омадааст, ки давлати Сомониён (875-999) бо дурахшу ҷаҳонтобии кӯтоҳ, вале шукӯҳу шуҳрати ҷовидон равшантарин фасли таърихи сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.  Фармонравоёни наҷибзодаи ин силсилаи некном, ки аксаран мардони одилу покизасиришт ва фозилу фарҳангпарвар будаанд, махсусан барои эҳё ва ривоҷу равнақи забони модарии мо – забони тоҷикӣ хидмати шоёни таҳсин кардаанд. Аз ҳамин ҷост, ки аксари муаррихону муҳаққиқон авҷи шукуфоӣ ва боландагии ин забонро ба рӯзгори давлатдории Сомониён марбут медонанд, ки ҳақиқати воқеӣ ва бурҳони бебаҳс ба назар мерасад.

Забони шевову ширини тоҷикӣ воқеан нахустунсури ҳастии миллати тоҷик ва давлатдории миллии мост, ки дар рӯзгори нусратёри Истиқлоли давлатӣ моро ба бузургдошти гузаштаи пурифтихор ва бунёдкории имрӯзаву ояндасозии дастаҷамъона фаро мехонад.

Китоб аз бахшҳои «Забони тоҷикӣ (форсӣ) то замони давлатдории Сомониён», «Сомониён ва авҷи боландагии забони тоҷикӣ (форсӣ)», «Намунаҳои барҷастаи забони назму насри аҳди сомонӣ», «Устод Рӯдакӣ – падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён», «Ҳаким Фирдавсӣ ва шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ», «Абӯалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ – устодони бузурги забони илм» иборат аст.

Хулосаи мухтасар аз таҳқиқ дар заминаи забони давлату давлатдории Сомониён ба назари муаллиф чунин аст:

  1. Забони асилу қадими модарии мо, ки дар тӯли таърих бо номҳои порсӣ ё форсӣ, порсии дарӣ, дарӣ, порсии дарии роҳи рост… ёд шудааст, боризтарин унсури миллатсоз ва муҳимтарин санади асолати мардуми тоҷик мебошад ва реша дар рӯзгори давлатдории Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва ҳатто пештар аз зуҳури ин хонадонҳои фармонравои маҳаллӣ дорад.
  2. Аз баррасии намунаҳои боқимондаи забони рӯзгори давлатдории хонадонҳои маҳаллии тоҳирию саффорӣ ба мушоҳида мерасад, ки забони модарии мо дар рӯзгори пас аз истилои араб ҳам тавонистааст асолати худро нигоҳ дорад ва таъсири забони арабӣ ба ин забон танҳо бо вуруди калимоту истилоҳоти ҷудогона маҳдуд гардида, ба сохтори овоӣ ва дастурии он асаргузор набудааст.

Бо итминон метавон гуфт, ки  шоирони аҳди тоҳирию саффорӣ (Абуҳафси Суғдии Самарқандӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васифи Сагзӣ, Бассоми Курди Хориҷӣ, Муҳаммад ибни Мухаллад, Фирӯзи Машриқӣ, Абусулайки Гургонӣ ва Масъудии Марвазӣ) бо сурудаҳои  худ  барои бақову пойдории забони модарии мо ва баъдан дар рӯзгори давлатдории Сомониён ба авҷи шуҳрату шукуфоӣ расидани он замина ва шароити созгор муҳайё кардаанд.

  1. Забони модарии мо дар рӯзгори Сомониён ба шарофати сиёсати фарҳангии амирони фозили ин сулолаи некном, бахусус Исмоили Сомонӣ, Наср ибни Аҳмад ва дигарон ба сифати омили ҳамбастагии миллӣ ва василаи сарнавиштсози ваҳдатовар дар қаламрави густардаи ин давлат рушду боландагии беназиру бесобиқа пайдо кард ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид.
  2. Дастгирию пуштибонии амирону вазирони фозил ва дигар бузургони хонадони сомонӣ аз аҳли забону адаб ба хотири таълифи асар ба забони модарӣ, барои ба майдон омадани силсилаи бузурги шоирону адибон (устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Фароловӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Кисоии Марвазӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Робиаи Балхӣ, Башшори Марғазӣ, Абутаййиби Мусъабӣ…) ва таълифи осори гаронбаҳо дар назм (манзумаҳои «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ, «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Донишнома»-и Майсарӣ…) ва наср («Шоҳнома»-и Абумансурӣ, «Аҷоибу-л-булдон» ва «Гаршоспнома»-и Абулмуайяди Балхӣ, тарҷумаи «Калила ва Димна»-и Абулфазли Балъамӣ, тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» ё «Таърихи Балъамӣ»-и Абуалии Балъамӣ, «Ҳудуду-л-олам», «Кашфу-л-маҳҷуб»-и Абуяъқуби Сиҷистонӣ, «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ тиб(б)»-и Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ, «ал-Абния ан ҳақоиқи-л-адвия»-и Муваффақи Ҳиравӣ…) роҳ боз кард.
  3. Ибтикори амирони сомонӣ дар бобати таълифи асарҳои динию мазҳабӣ («ас-Саводу-л-аъзам») ва тарҷумаи тафсири Қуръон («Тарҷумаи Тафсири Табарӣ», «Тафсири Қуръони пок» ё «Тафсири пок», «Тафсири Куръони маҷид»…) ба забони модарии мо барои дар дини ислом машруъият пайдо кардани ин забон ва ба сифати забони дувуми олами ислом эътироф шудани он заминаи мусоид фароҳам овард.
  4. Корномаи вазирони фарҳангпарвару забонгустари сомонӣ, бавижа Абулфазли Балъамӣ ва писари ӯ Абӯалии Балъамӣ, Абутаййиби Мусъабӣ, Абулҳусайни Утбӣ ва дигарон саҳифаи дурахшони таърихи забону фарҳанги миллии мо арзёбӣ мешавад, ки дар асрҳои баъдӣ вазирони хонадонҳои дигари ҳукмрон – Низомулмулк, Мир Алишери Навоӣ ва дигарон ба онҳо пайравӣ кардаанд.
  5. Устод Рӯдакӣ бузургтарин сухансарои аҳди сомонист, ки бо сурудаҳои фаровони ширину шево ва ҳикматомезу пандомӯзи худ на танҳо имконоти беназири забони модарии моро ба оламиён муаррифӣ намуд, балки ба қавли гӯяндае номи ин хонадонро барои ҳамеша дар таърихи банӣ башар сабт кард:

Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон. 

  1. Таълифи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ки дар рӯзгори Сомониён шурӯъ гардид, нуқтаи авҷи ҳамосасароии миллии мо ба ҳисоб меравад. Ин шоҳасар ганҷинаи бемислест, ки дар баробари маҳфуз доштани вожагону истилоҳоти асили тоҷикӣ, ҳамчунин қудрату тавонмандии камназири забони модарии моро дар худ таҷассум кардааст.
  2. Абӯалии Сино ва Абурайҳони Берунӣ, ки зодаву парвардаи рӯзгори Сомониёнанд, бо таълифи асарҳои илмии «Донишномаи Алоӣ» ва «Китобу-т-тафҳим» ба исбот расониданд, ки забони модарии мо бо собиқаву салиқаи дерини худ барои баёни дақиқтарин матлаби илмӣ ва гузашта аз ин, расидан ба пояи забони илм имконоти кофӣ дар ихтиёр дорад.

Дар маҷмӯъ, гуфтан метавон, ки Сомониён бо арҷгузорӣ ва гиромидошти забони модарӣ на танҳо ба пайкари забон ва миллати куҳанбунёди мо рӯҳи нав дамиданд, балки тавассути сиёсати фарҳангии оқилонаву дурандешона ба расму ойинҳои қадими аҷдодӣ ва ҷашнҳои суннатӣ дубора расмият бахшида, бақои рӯҳи миллии эронию ориёиро барои садсолаҳо таъмин карданд.

Ҳосили сухан, забони модарии мо, ки бо саъйу талош ва кӯшишу дастгирии амирону вазирони хонадони сомонӣ ба авҷи шукуфоию боландагӣ расид, баъди сар омадани рӯзгори давлати ин хонадон дар асрҳои баъдӣ низ аз имтиҳонҳои ҷиддии таърих бо сари баланд гузашт ва акнун дар рӯзгори имрӯзаи ба истилоҳ «ҷаҳонӣ шудан» ҳам метавонад бо ҳиммати соҳибзабонон асолату шевоии худро ҳифз намуда, ба ояндагон мерос гузорад.

Китоб барои истифодаи доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки асару мақолаҳои илмию адабии ин донишманди тоҷик дар нашрияҳои ИМА, Германия, Россия, Франсия, Испания, Полша, Эрон, Маврикия ва мамлакатҳои дигар ба нашр расидаанд.