Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Китоби нав: Шарқ дар оинаи Ғарб

20 февраля 2020 04:02

Количество просмотров: 23396

Дар китоби нави устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Абдурашид Самадов «Шарқ дар оинаи Ғарб» сухан аз боби тарҷумону муҳаққиқони Аврупо ва Амрико меравад. Хотирнишон бояд сохт, ки ҳарчанд Э.Браун, В.Ҷонс, А.Арбери, Р.Николсон, Н.Контесед, А.Маришимил, Гертруда Бел, А.Хансбергер ва Ситсилия Бону барин мусташриқону тарҷумонҳо дар бахши тарҷума ва тарғиби осори гаронбаҳои адибони форсу тоҷик хизматҳои зиёде ба харҷ додаанд, вале хонандагони тоҷик ба хусус, устодону шогирдони шуъбаҳои тарҷумонии макотиби олии кишвар аз эшон маълумоти кофӣ надоранд. Китоби мазкур, ки ба забони содаю равон таълиф гардидааст, барои донишҷўёну магистрантон ва аспирантону устодон аҳамияти назаррасе дорад.

Ҷусторҳои тоза дар тарҷума

 Дар муаррифи китоби мазкур мехонем: А.Самадов аз муҳаққиқони шинохтаи таърихи адабиёти тоҷику форс ва робитаҳои адабӣ ба шумор мераванд. Маҷмўаи нави ў мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки ба масъалаҳои равобити адабии тоҷик бо кишварҳои гуногуни Аврупо бахшида шудаанд.

 Дар мақолаи «Ҳафт шаҳри ишқ ва мўшикофии ноқиди фарҳангӣ»  ҳаёт ва осори ховаршиноси барҷастаи англис Э.Браун мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллиф, махсусан, ба асари машҳури ў «Таърихи адабии Эрон», ки аз чаҳор ҷилд иборат буда, таърихи адабиёти тоҷику форсро аз замони қадим то асри ХХ дар бар мегирад, таваҷҷуҳ зоҳир намуда,аҳамияти онро нишон додаст.

 Ховаршиноси олмонӣ Анна Мари Шиммел аз муҳаққиқони маъруфи адабиёти тасаввуфӣ ба шумор меравад. Дар мақолаи «Анна Мари Шиммел-ҳаводори Мавлавӣ» хидматҳои барҷастаи ин донишманди пуркор дар шинохти осори Ҷалолиддини Балхӣ арзёбӣ шудааст.

 Дар таҳқиқ ва тарҷумаи осори Ҷалолиддини Балхӣ хидмати ховаршиноси дигари англис Р.Николсон низ хеле бузург аст. Дар мақолаи «Тасаввуфи Шарқ ва полоиши ҷомеаи Ғарб» ба хидматҳои ў баҳои сазовор дода шудааст. Аз ҷумла муаллиф қайд мекунад, ки Николсон аввалин шахсест, ки «Маснавии маънавӣ»-ро ба забони  англисӣ ба назм тарҷума кардааст.

 Ҳамчунин, дар маҷмўа ҳаёт ва осори ховаршиноси аврупоӣ Ҷонс Вилямс, Алиса Ҳансбергер, Артур Арбери, Маргарет Лусиан Гертруда Бел мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

 Маҷмўа хонандаро бо муҳимтарин саҳифаҳои таърихи ховаршиноси Ғарб ошно намуда, ҳам барои муҳаққиқон ва ҳам барои донишҷўёну ҳаводорони адабиёти тоҷику форс хеле судманд мебошад.

 Умед аст, ки дар оянда аҳволу осори ховаршиносони дигар мисли Ҳ.Эте, Нёлдеке, Э.фитҷералд, Я.Рипка, И.Бечка, Маргарит Марксес, Ф.Рюккерт, Ричард Фрай, Жилбер Лазар, В.Кубичков, Фушекур баррасӣ шуда, муаррифӣ мегарданд.

Файзидин Қурбонов,

шуъбаи маркетинг ва менеҷменти

фаъолияти китобдорӣ.