Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Китоби нав “Фароштурук”

13 февраля 2020 04:02

Количество просмотров: 24727

Китоби нави Адиби табиатшиноси тоҷик Маҷид Салим бо ҳамин ном аз чоп баромад, ки маҷмӯи ҳикояҳои тозаи нависандаро дар бар гирифтааст. Хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ошноӣ доранд.

 Фароштурук  парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани ин паранда 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Ба оилаи фароштурукҳо ва қатори гунҷишкшаклон мансуб аст. Парандаи васеъ паҳншуда буда, ба ҷуз аз Австралия ва Антарктида дар ҳамаи қитъаҳои дигари кураи замин вомехўрад. Фароштурук бо номи парасту ва достак низ дар байни мардум маълум аст. Ин паранда аз омад-омади баҳор мужда мерасонад ва дар байни мардум чун парандаи муқаддас маҳбубияти зиёд дорад. Вай дар  ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз ў хайрхоҳӣ меҷўяд.

 Вақти зиёди худро фароштурукҳо дар парвоз гузаронида, дар замин кам менишинанд ва туъмаи худро ҳангоми парвоз дар ҳаво пайдо мекунанд. Суръати парвози онҳо то 120 км дар як соатро ташкил медиҳад. Фароштурукҳо хусусияти пешгўӣ кардани вазъи обу ҳаворо доро мебошанд.

 Аз қадимулайём дар байни мардум ақидае ҳаст,ки дар хонае,ки фароштурук лона мегузорад, меҳру муҳаббат, самимият ва хушбахтӣ пойдор аст.

Китоби “Фароштурук”-ро, ки ба тозагӣ нашр шудааст, дар Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Шарофат Мирзоева,

сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.