Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист

31 января 2020 04:01

Количество просмотров: 23950

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳими тарбияи инсон аст. Он неруи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Китоб ягона дӯсти мӯнису ғамхоре аст, ки моро аз гаҳвора то пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдӯст ва тамаддунофар буд ва ин омил боис гардид, ки дар тӯли таърих бегонагон борҳо осори адабӣ ва илмиву фарҳангии ниёгонамонро  ба оташ кашидаю тороҷ намудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки фарҳангу адабиёти миллати куҳанбунёди тоҷик аҷнабиёнро мафтун намуда, алайҳи мафкураҳои ҳоким   зафар ёфтааст. Онҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омӯхта, онро эътироф карданд ва  дар давлатдории худ аз он истифода  намудаанд.  Ҳамзамон,  забони  моро  ҳамчун  забони давлатӣ ва коргузорӣ пазируфтаанд.

 Боиси ифтихору сарфарозист, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар соҳаҳо, ба фарҳанг, аз ҷумла рушди китобу китобдорӣ  таваҷҷуҳи  хосса зоҳир карда мешавад. Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ  ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26   декабри соли 2019,  перомуни масоили вобаста ба китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа  китобҳои бадеӣ ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

  Бо назардошти муҳим будани мутолиаи китоб ва нақши он дар баланд бардоштани маънавиёти мардум, ташаккули завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар бораи аз гардиш мондани китоб, ки ҷузъи муҳими  сарвати маънавии ҷомеа маҳсуб меёбад, ибрози нигаронӣ намуда, таъсири пайомадҳои манфии онро барои фарҳанги миллӣ таъкид карданд. Аз таҳлилҳои Сарвари давлат бармеояд, ки «Дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расидаанд. Вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд».

   Барои раҳоӣ аз ин вазъияти баамалома Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки «бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд».

  Воқеан, китоб  ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат  барои поку бегазанд нигоҳ  доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тавқият ёфтани ҳувияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии  ҳар як фард нақши бузург дорад. Пешвои миллат зимни гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  4 сентябри соли 2007, иброз намуда буданд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд  низ тадбирҳои судманд меандешад» ва афзуданд, ки минбаъд  ҳар  сол  санаи 4 сентябр  ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, даҳсолаи дуюм аст, ки Рӯзи китоб дар мамлакати  мо таҷлил ва дар доираи чорабиниҳои он Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе баргузор мегардад.  

  Ин иқдоми Пешвои миллат  меҳр ба китоб ва завқу шавқи  китобхониро дар байни мардум афзун намуд. Ҷавононро ба омӯхтан ва азхуд кардани донишҳои замонавӣ водор сохт. Инро мо дар мисоли озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баръало эҳсос намудем. Дидем, ки то чи андоза наврасону ҷавонон ба мутолиаи  қитоб шавқу рағбати беандоза пайдо намудаанд.

 Ба андешаи мо,  мутолиаи китоб аз ҷониби падару модар дар тарғиби китобу китобхонӣ дар миёни фарзандон таъсирбахштарин омил аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда дар ҳалқаи оила ва муассисаҳои таълимӣ дар бедор кардани шавқу рағбат ба китобхонию донишандӯзӣ нақши муҳим мебозад.  Албатта, дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки бо баҳонаҳои гуногун китоб намехонанд ё кам мехонанд. Ҳатто  иддае аз аҳли илму адабамон, ки вазифаи  асосиашон китоб  хондану  дониш андӯхтан аст, ба китоб камтар майл доранд. Ҳол он ки аҳли илму адаб ва фарҳанг танҳо тавассути омӯзиши муттасил дар соҳаи фарҳанг мавқеъ пайдо менамоянд. Ба назари мо, дар замони муосир фарҳангиён бояд беш аз пеш китоб хонанд, то мардум ба онҳо пайравӣ намоянду сабақ  гиранд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани иттилооти фаровон аст ва ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меоянд.

Барои тақвияти андешаҳои боло овардани ин порчаҳои манзумро ба мақсад мувофиқ медонем:

Китоб панҷараи бози рӯ ба доноист,

Пуле миёни ману дурдасти зебоист,

Китоб хоҳари ман, модарам, бародарам аст,

Китоб мояи фахр асту тоҷ бар сарам аст,

Китоб хост, ки ман ҳам пур аз баҳор шудам,

Барои хотири ӯ як китобдор шудам.

Китобдор шудам, то аз ӯ ҷудо нашавам,

Дар ин замона ба ҳоли худам раҳо нашавам.

Китобдории ман эътибори ман шудааст,

Ҳувиятам  шуда, дору надори ман шудааст.

Тамоми доштаҳоям китобҳои мананд,

Китобҳои азизе, ки мисли ҷон ба тананд.

Худо зиёд кунад лутфи ин азизонро,

Шукуфаҳои китобу гули гулистонро.

 Дарвоқеъ, китоб беҳтарин рафиқ беҳтарин иршодгаре  маҳсуб меёбад, ки беғаразона маслиҳатҳои муфид дода, моро дар зиндагӣ ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Пас ҳамеша ҳамнишини ин ганҷинаи гаронмоя бояд буд ва ин неъмати нодирро ҳифз намуду арҷгузорӣ кард.

 Аз мушоҳида ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ки онҳо ташаббусу  иқдомҳои созандаи  Сарвари давлатро, ки зимни ироаи Паём манзур гардиданд, саривақтӣ ва барои таъмини рушди устувори кишвар,  мақоми  шоиста пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ бағоят муҳим арзёбӣ намуда, дар маҷмӯъ, Паёмро барномаи мукаммали рушди соҳаи фарҳангу ҳунар, аз ҷумла фаъолияти китобдорӣ меҳисобанд. Аз ин рӯ, мо – коргарон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷуёну докторантони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар раванди ташаккул ва рушди фарҳанги китобхониву китобдӯстии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус  ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.

Бозорбой  ХОЛОВ,

Зафари ШАРИФ,  

устодони Донишкадаи давлатии

фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода