2023 | 2024 | 2025 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
27 | 28 | 29 | 1 | 2 | 3 | |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
17 января 2020 12:01
Количество просмотров: 26720
Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста ширкат намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Литсейи муштараки тоҷикӣ-руссии Ҳотам ва ПВ ва хонандагони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд.
Ёдодвар мешавем, ки соли 2019 хонандагони Тоҷикистон дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 251 ҷойи ифтихорӣ гардида, 65 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Маълумоти муфассал дар сомонаи