Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Copernicus дар Иёлоти Техаси Амрико 15 медал даст оварданд

17 января 2022 10:01

Количество просмотров: 7765

8-16-уми январи соли ҷорӣ дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. 
Хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Россия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд. 9 нафар хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, Маъруф Исомиддинов - хонандаи синфи 8 ва Томирис Миралибекова - хонандаи синфи 5 соҳиби ҷойи 2, Бенёмин Зуҳурзода - хонандаи синфи 6, Салман Саминов - хонандаи синфи 5, Юсуф Салимзода - хонандаи синфи 5, Абдуҷамил Холиқов - хонандаи синфи 5, Умар Ҳафизов - хонандаи синфи 8, Бибиоиша Қодирова - хонандаи синфи 7 ва Мирзоқобил Бадиев - хонандаи синфи 8 соҳиби ҷойи 3 мебошанд. 
Ҳамзамон, 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд, ки инҳо Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Амир Абдуллозода – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Меҳрангез Абдуллоева – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ардашерхоҷа Ботурхоҷаев – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Шараф Муқумов – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ ва Акрамхоҷа Мамуров – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ мебошанд.
Ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.

https://sputnik-tj.com/20220117/khonandagon-toyik-tekhas-medal-1044874549.html
https://maorif.tj/ahborot/15-medali-honandagoni-toik-az-olimpiadai-bajnalmilalii-copernicus