Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хонандагони тоҷик дар 30 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 250 медал, аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд

31 января 2020 03:01

Количество просмотров: 24882

Хонандагони тоҷик  соли  2019 дар 30 олимпиадаи  байналмилалӣ, ки дар зиёда аз 20 кишвари дунё  баргузор гардиданд,  фаъолона иштирок намуда, сазовори 250 медал,  аз ҷумла 67 медали тилло гардиданд. Ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли 2019 нишон дод, ки хонандагони Кӯҳистони Мастчоҳ, Восеъ, Балҷувон,  Муъминобод, Қубодиён, Роғун, Лахш, Дарвоз, Роштқалъа,  Рӯшон дар олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ягон ҷой  нагардиданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои  Мурғоб, Тоҷикобод, Носири Хусрав,  Шаҳритус ва Ҷайҳун  умуман дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок накарданд.

Ин иттилоъ зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» доир гардид, пешниҳоди рӯзноманигорон гардид.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки  дар олимпиадаҳои байналмилалӣ  хонандагони шаҳри  Душанбе бо 167  (44 медали тилло, 50 медали  нуқра, 73 медали биринҷӣ), Суғд бо 56 (21, медали тилло, 14 медали нуқра, 21 медали биринҷӣ), Хатлон бо 7 (1 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ) шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ бо 16   (2 медали тилло, 14 медали биринҷӣ)   ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.

Дар нишасти хабарӣ  ҳамчунин  иттилоъ дода шуд, ки мушкилоте, ки  соли 2019 дар маблағгузории соҳаи маориф  ба назар расид, ин сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон  дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  мебошад.  Аз ҷумла,  ба  ҳолати 6 декабри соли 2019 қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Кӯшониён ва Фархор вуҷуд дошт.  Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба унвонии раисони шаҳру ноҳия, вилоят ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  мактуб ирсол карда шуд.

 /АМИТ «Ховар»/. 9.png