Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 1 3
4 5 6 8 9 10
11 12 13 14 15 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg


ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК 87 МЕДАЛИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “IMCh-2020”-РО БА ДАСТ ОВАРДАНД

2 Ноября 2020 05:11

Количество просмотров: 2284

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дар олимпиадаи байналмилалии «Math Challange-2020» 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзҳои 8-9-уми октябри соли равон дар кишвари Тайланд Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (IMCh-2020) аз рӯйи 4 бахш (синфи 4-5, 6-7, 8-9 ва 10-11) тариқи фосилавӣ баргузор гардид. 
Дар олимпиадаи мазкур зиёда аз 1500 нафар хонанда аз 22 кишвари дунё, аз ҷумла ИМА, Англия, Қазоқистон, Ветнам, Туркия, Молдовия, Руминия, Нигерия, Монголия, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Индонезия, Гурҷистон, Миср, Канада, Бангладеш ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада 137 хонанда аз 10 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ карда, сазовори 87 ҷойи ифтихорӣ (36 медали тилло, 31 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ ) гардиданд.
   Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз шумораи умумии медалҳо хонандагон аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон 17 медали тилло ва 18 медали нуқра, Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат 1 медали тилло, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе 6 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бохтар 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ, Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Шуғнон 1 медали нуқраро ба даст оварданд.

vahobzoda.jpg

ДАР АКС: Хонандаи синфи 10-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Шаҳзода Ваҳобзода, ки дар олимпиадаи мазкур соҳиби медали тилло шуд. Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

https://sugd.tj/tj/navidi-sugd/15212-olimpiada

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон