Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР

НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР

10 февраля 2020 09:02

Количество просмотров: 23452

МУХТАСАРИ ШАРҲИ ҲОЛ 

Исмоилзода Баҳром Мансур 12 июни соли 1975 дар деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1992, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Темурмалик ба факултаи математикаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Соли 1994 аз тариқи гузариш таҳсилро дар факултаи математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дода, онро соли 1997 бомуваффақият хатм намуд.
      Фаъолияти меҳнатиаш соли 1996 ба сифати омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Минбаъд, аз соли 1997 то соли 2000-ум омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар литсей №55-и шаҳри Душанбе буд.
      Солҳои 2000-2005 дар литсейи зикршуда ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолияти пурмаҳсул дошт. Аз соли 2005 то соли 2009-ум дар вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Душанбе фаъолият карда, солҳои 2009-2015 директории Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Душанберо ба зиммааш гузоштанд.
   Аз 27 феврали соли 2015 директори Муассисаи давталии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.
Соли 2014 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.


  БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ СИНО №39
ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР 

Барномаи пешазинтихобтии Исмоилзода Баҳром Мансур аз сиёсати ваҳдатофару созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва амалҳои созандаи Раиси шаҳри Дашанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маншаъ гирифтааст.
       Дар ин раванд таваҷҷуҳи асосӣ ба он зоҳир гардид, ки мақсадҳои дар Барнома инъикос ва муайяншуда бояд воқеӣ, амалишаванда ва берун аз шиорпароканиҳо бошанд. Номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Исмоилзода Баҳром Мансур ба он назар аст, ки айни замон барои амалӣ намудани тамоми корҳое, ки ба нафъи миллату Ватан нигаронида шудаанд, дар кишварамон широит фароҳам аст. Дар робита ба ин Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки “Танҳо ташаббускор будан лозим аст ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст бояд дошт”.
     Дар сурати пирӯз шудани Исмоилзода Баҳром Мансур дар ин сабқат, баҳри роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои манфии бегона, ҳимояи манфиатҳои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, кӯшиш менамояд.
Ба сифати шахсе, ки таҷрибаи ғании кор дар соҳаи маорифро дорад, метавон гуфт, ки мавсуф баҳри рушди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷавонон низ ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишро амалӣ хоҳад кард.
        Тавре ба ҳама маълум аст, шиори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” мебошад. Зиндагии шостаи мардумро танҳо дар асоси пешбурди сиёсати  самараноки иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолияти аҳли ҷомеа таъмин намудан мумкин аст. 
      Исмоилзода Баҳром Мансур бо садоқат ва самимият сиёсати пешгирифтаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва дар доираи имконият ва ваколат баҳри татбиқи он саҳмгузор асту хоҳад буд.
       Устувор гардонидани пояҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарин аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин рӯ, Исмоилзода Баҳром Мансур минбаъд низ дар доираи имконият ва ваколат беш аз пеш беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳои зикршударо меҳвар қарор дода, баҳри бетаъхир бартарафсозии мушкилоти мавҷуда азми қавӣ ва иродаи шикастнопазир хоҳад дошт.
        Далели бебаҳс аст, ки маҳз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат эътироф ва интихоб гардидани ин бахши муҳим замина фароҳам овардааст, ки рушди бемайлони он таври  бояду шояд таъмин гардад. Муҳим он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри рушди он тамоми имконоти худро сарф намуда, маблағгузории соҳаро таври назаррас афзоиш медиҳад.
        Ислоҳоти соҳаи маориф, ки бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, собит намуд, ки танҳо тавассути ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ба ҳадафи ниҳоӣ расидан имконнопазир аст, зеро ҳар як давраи инкишофи ҷомеа хусусиятҳои  хоси рушди соҳаро муайян намуда, зарурати ислоҳотро ногузир мегардонад.  Дар ин замина, ҷиҳати муҳайё намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс, тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму оин ва анъанаҳои миллӣ, тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ корҳои зиёде амалӣ шуданд.
      Дар робита ба ин, Исмоилзода Баҳром Мансур як силсила корҳоро ба нақша гирифтааст, ки моҳиятан идомаи мантиқии ибтикори дар боло зикршуда маҳсуб мешавад. Номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Исмоилзода Баҳром Мансур муътақид аст, ки дар соҳаи маориф омӯзгор нақши ососӣ дорад ва то чӣ андоза муваффақ гардидан ба таъмини сифати таҳсилот ва баланд гаштани сатҳи саводи шогирдон маҳз аз дониш, малакаю маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобаста аст.
       Бо назардошти ин, баҳри боз болотар бардоштани мақоми омӯзгор ва масъалаҳои бахшида ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷаҳду талош хоҳад кард. Зеро ба шарофати таваҷҷуҳи доимӣ ва хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорон дар ҷомеаи мо мақоми махсуси худро доранд ва имтиёзҳои зиёд  аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои онҳо пешбинӣ шудаанд.
      Имтиёзҳои омӯзгорон, аз қабили ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, бо тартиби муқарраргардида гирифтани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани собиқаи корӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидан бо доруворӣ ва табобати бепул ҳангоми беморӣ, дар навбати аввал таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ё беҳтар намудани шароити манзил бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани иловапулӣ ба маош дар қонунгузоӣ пешбинӣ гардидааст.
      Ин иқдом, аз як тараф, барои ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба соҳа бошад, аз тарафи дигар, саҳми онҳоро дар тарбияи насли наврас дучанд мекунад, инчунин мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баландтар мебардорад. Номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон- баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда тамоми қудрату нерӯи худро равона месозад.
     Илова бар ин, Исмоилзода Баҳром Мансур азми қавӣ дорад, ки робитаи хешро бо воситаҳои ахбори омма тақвият бахшида, аз ин минбари баланд баҳри ба шаҳрвандон расонидани моҳият ва аҳамияти иқдомҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардида, қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабулгардида ва аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҷонибдоришуда самаранок истифода менамояд.
        Ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намудан хеле муҳим аст, зеро вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки ба зиммаи аксарашон вазифаҳои пурмасъулият вогузор аст, имкон доранд, ки аҳамияту мазмуни корҳои  амалигардида ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ таври соддаву фаҳмо шарҳ диҳанд. 

БА ТАРАФДОРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР ОВОЗ ДИҲЕД, ЗЕРО
Ӯ АРЗАНДАИ БОВАРӢ АСТ!