Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ — падари шеъри форсӣ таҷлил мешавад

22 сентября 2021 10:09

Количество просмотров: 11298

22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати таърихӣ ба анҷом расонидааст.

Яке аз муҳаққиқони номвари адабиёти классикӣ, муаллифи «Тазкират-ул-шуаро» Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи Одамушшуаро Рӯдакӣ чунин менависад: «Ба рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфту устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд. Ва  қабл аз вай шоире соҳибдевон бошад, нашнидаем. Пас воҷиб бувад, ки ибтидо аз устод намоем».

Ашори  Рӯдакӣ инсонро водор месозад, ки бояд дар ҳама кор ва зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад. Ба қавли Рӯдакӣ, ҷаҳон мисли дарёест, ки агар кас хоҳиши аз он гузаштан дошта бошад, бояд дар зиндагӣ ҳамеша некӣ кунад ва аз некномӣ ёдгорие ба вуҷуд оварад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Яке аз хидматҳои беҳамтову безаволи устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа… гузошта шудааст. Барои як нобиғаи ҷаҳонӣ ин кори андак нест. Ҳол он ки боз аз даҳҳо хуҷастагиву навовариҳои эҷодиёти  устод Рӯдакӣ метавон ҳарф зад. Масалан, ин ки аксари кулли навиштаҳои ӯ баъд аз ҳазорон сол ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва ҳам аз ҷиҳати забону баён имрӯзианду ба дарди халқ мехӯранд ва фардо ҳам ҳамнафаси рӯз хоҳанд монд.

Осори Рўдакиро қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ташкил медиҳад.

Достони «Калила ва Димна» яке аз асарҳои бузурги Рўдакӣ буда, шоир онро аз рӯи тарҷумаи Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. Он асари панду ахлоқист. Дар он тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дӯстӣ, рафоқат ва дониш тасвир шудааст.

Ғайр аз ин шоир «Синдбоднома» ва панҷ маснавии дигар доштааст. Яке аз онҳо «Даврони офтоб» мебошад, ки дар бораи ҳаракат ва хосиятҳои табиии офтоб баҳс мекунад ва ин асар олим будани Рўдакиро исбот мекунад.

Қасидаи «Модари май»-ро Рўдакӣ ба малики Хуросон Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад бахшида будааст.

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз 34 байт иборат аст. Он шарҳиҳолӣ буда, шоир онро дар айёми пирӣ ва рўзҳои сахти зиндагӣ навиштааст. Дар ин қасида Рўдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баланду пастиҳои онро ба ёд меорад. Қасида аз ҷиҳати устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо мешавад.

Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рўдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шавқат, рафоқату дӯстӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Шоир бо ин роҳ дар тарбияи инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрўз ҳисса мегузорад. Рўдакӣ фарҳангро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бародоштанро талқин мекунад:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рўй бар ин ганҷ неҳ.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008    бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил шуд. Дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки баргирифта аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошанд.

Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рўдакӣ дар радифи пайкараи Исмоили Сомонӣ- асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон- Сомониён гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонию эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.

Ҳаёт ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нақша:

Муқаддима

1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир

2. Мероси адабии шоир

3. Хулоса


Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон ба дунё омадааст. Рӯдакӣ тахаллуси шоирии устод аст, ки аз номи деҳаи зебои худ Рӯдак гирифтааст. Падари Рӯдакӣ аз табақаи боимтиёз ва шахсони соибэҳтироми водии худ буда, ба тарбияи фарзандаш аҳамияти бузург додааст. У маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳи худ гирифта, аз худ истеъдоди баланде зоҳир намудааст. Рӯдакӣ чунон зираку доно будааст, ки дар синни ҳаштсолагӣ «Қуръон»- ро ба пуррагӣ ҳифз намудааст.
Устод Рӯдакиро дар таърихи илму фарҳанги адаби форсии тоҷикӣ бо номҳои сардафтари  адабиёти классикӣ, асосгузори назми форсии тоҷикӣ, устоди шоирон, султони шоирон, маликушшуаро ва одамушшуаро ёд мекунанд. У шеъру шоириро низ аз ҳаштсолагӣ оғоз намудааст. Рӯдакӣ дар баробари зеҳни гирову ақли расо овози хуш ва савти дилкаше низ доштааст. У азми сафари Самарқанд мекунад ва дар мадрасаи шаҳри Самарканд таҳсили илv менамояд. Шоир дар бораи ба илми мусиқӣ шавқу рағбат доштани худ чунин ишора мекунад:

Рӯдакӣ чанг бигрифту навохт,

Бода андоз, к-у суруд андохт.

Рӯдакӣ соҳиби девони бузург будааст. Ба ғайр аз ин, аз шоир ба мо абёти алоҳидаи достонҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», маснавии «Даврони офтоб» ва қасидахои «Шикоят аз пирй», «Модари май» боқӣ мондааст. Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки устод Рӯдакӣ шоири пурмаҳсул будаанд. Афзунии миқдори шеърқои Рӯдакиро қайд намуда, шоири асри XI Рашидии Самарқандӣ чунин мегӯяд:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри уро баршумурдам: сенздаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар, чунонки бонд, бишмарӣ.

Аз ҳамаи ин осори бузурги устод Рӯдакӣ акнун танҳо ҳазор байт боқӣ мондаасту халос. Достони «Калила ва Димна», аслан, достони ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шудааст. Баъдан, ба арабӣ баргардонида шуд. Рудакӣ достонро 33 рӯйи тарҷумаи тоҷикии Балъамӣ ба риштаи назм кашидааст. «Калила ва Димна» асари пандуахлоқӣ мебошад. «Модари май» қасидаи мадҳӣ буда, дар васфу ситоиши шоҳи Хуросон навишта шудааст.  Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дороӣ 34 байт буда, қасидаи шарҳиҳолӣ номида мешавад. Рӯдакӣ ин қасидаро дар рӯзҳои пириву сахтии зиндагии худ эҷод кардааст. Қасидаи «Шикоят аз пирй» лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти шоир, хусусан пастиву баландиҳои рӯзгори онро ба ёд меорад. Асари дигари шоир маснавии «Даврони офтоб» ба ҳисоб меравад, ки дар бораи ҳаракат, хосияту хусусиятҳои табиии офтоб нақлу ривоят мекунад. Мероси адабии боқимондаи устод Рудакӣ аз қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ ва маснавӣ иборат аст. Ашъори дигари боқимондаи Рӯдакӣ, махсусан ғазалҳои ӯ, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа бамонанди қасидаҳои ӯ рангорангу ганӣ мебошанд. Маснавиҳои шоир, асосан, қиссаву ривоятҳо, саргузаштҳои ибратомӯз, панду ахлоқи инсони нек ва афкору андешаи инсондӯстонаи ӯро фаро гирифтаанд.