Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2020 2021 2022
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30 31

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Ҷилди дуюми китоби «Шаҳраки кушонии Сайёд» аз чоп баромад

14 января 2020 12:01

Количество просмотров: 34676

Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа  Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд»  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар китоби мазкур доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардумони ин шаҳраки кушонӣ, аз ҷумла меъморӣ, бофандагӣ, заргарӣ, кишоварзӣ ва дину оин маълумоти ҷолиб тасвир ёфтанд».

Инчунин муалифон доир ба  сиккаҳои ёфтшуда, ки  ба шоҳони кушонӣ Ҳерай, Сотер Мегас (Вима Такту), Вима Кадфиз ва Канишка тааллуқ доранд, маълумоти муффасал додаанд. Ин ёдгорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Муаллифон бар он андешаанд, ки шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрнишинии Бохтар дар замони кушониён хеле тараққӣ карда буд.

Китоби мазкур бозгӯкунандаи таърихи гузаштагон буда, он барои доираи васеи хонандагон равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷилди якуми китоб зери ҳамин унвон соли 2017 нашр гардида буд.