Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2022 2023 2024
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Барои баргузории ин озмун 1 646 400 сомонӣ ҷудо гардид

7 февраля 2020 10:02

Количество просмотров: 24912

Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст.

Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур соли гузашта аз рӯи чор номинатсия баргузор гардид. Тибқи Низомномаи соли 2020 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба он номинатсияи шоирӣ илова гардид. Ҳамчунин имсол дар ҳар номинатсия ба шаш нафарӣ аз рӯи ҷойҳои ба даст овардаашон мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидализода иброз дошт, «дар озмуни имсола чор номинатсия аз рӯи се самт баргузор мегарданд, ки барои ҳар номинатсия маблағҳо муайян гардидаанд. Агар соли 2019  номинатсияҳо якборӣ доир гардида бошанд, имсол чор номинатсия бо иштироки қишрҳои гуногун се бор доир мегарданд».

Самтҳои иловашуда инҳоянд:

-миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

—миёни хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

—миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат.

Ҳамчунин дар Низомнома самт ва номинатсияҳо чунин муайян гардидаанд:

«Миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ. Дар Номинатсияи мазкур барои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 115 000 сомонӣ, хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо). Дар Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақҳои аҳолии мамлакат).

Дар Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Миёни довталабони номинатсияи шоирӣ 60 000 сомонӣ муқаррар гардидаааст, ки ҷамъи маблағҳо 1 455 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар чор номинатсия шаш нафарӣ ва дар номинатсия шоирӣ 3 нафар мукофонида мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки «соли 2019 таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардида, дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагону донишҷўён нақши  намоён гузошт».