Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дониш андар дил чароғи равшан аст...

2 апреля 2020 01:04

Количество просмотров: 37012

Калиди  дари  илму  маърифат  асосии  хираду  заковат,  фарҳангу  маданият  ва  илму  адаби  пойдору  устувор  китоб  мебошад. Миллати  мо низ  аз  халқҳоест,  ки  ба  китобу  китобдорӣ  эҳтироми  хоса  доранд  ва  бо  китобу  китобхони  шуурнокиву  маърифатнокии  худро  дар  ҷаҳони  мутамаддин  мақоми  шоиста  касб  кардаанд.  Пас,  бисёр  бояд  шитоб  кард,  китобҳои  бузургу нодирро дарёфт,  илму  маърифат  омӯхт,  амал кард,  то инсони асил буд,  зеро  китоб  чун  ганҷи  бебаҳо  танҳо ва танҳо  бо роҳи  росту  дуруст  ва  хиради   воло  моро   раҳнамуд месозад.

 Миллати  тоҷик аз қадимулайём дорои фарҳангу  маданияти  бой  буда,  ба  ақлу  хирад  арзиши  баланд  мегузошт   ва  тавонист  донишро  дар  рўйи  сангу  қоғаз  ва  пўсту  матоъ  гирд  оварад.

 Чуноне устод  Абуабдуллоҳи  Рўдакӣ  фармудаанд: 

              Гирд карданду гиромӣ доштанд,

             То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

             Дониш андар дил чароғи равшан аст,

             В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст…

 Дар  таърихи  тамаддуни  инсоният  китоб  аҳамияти  аввалиндараҷа дошту дорад. Китоб воситаест, ки ба василаи он одамон донишҳоро аз худ мекунанд. Дар зиндагӣ беҳтар аз китоб боз чӣ метавонад бошад?

 Ин  саволест, ки  бисёриҳо ба он посух меҷӯянд. Бештар  шудани  имкони  дастрасӣ  ба  маводҳои  техникӣ  аз  ҷумла  телефонҳои  мобилӣ,  шабакаҳои  байналмилалии  интернет,  планшету  дигар  воситаҳои  пахши   иттилоот  ва  гузоришҳои видеоӣ  низ метавонад боиси он шавад, ки таваҷҷуҳ ба китоб камтар шавад. Ин баҳс худ баҳси ҷудогонаест. Дар олами маҷозӣ паҳн шудани миллионҳо номгӯй китобҳо бо садҳо забон ин андешаро ба миён овардааст, ки замоне китоби электронӣ метавонаш ҷойнишини китоби коғазӣ ва расонаи интернетӣ ҷойгузини расонаҳои чопӣ шавад. Ҳарчанд донишмандон мегӯянд ҷойи китобро ҳоло китоби электронӣ наметавонад бигирад.   

  Он лаззате, ки инсон ба воситаи китобҳои коғазӣ ба даст меорад, агар он ҳама васоити хониши электронии муосирро низ ба даст гирад, бардошта наметавонад.

  Як  китоби  хуб  беҳтар  аз  як  хазинаи  бузург,  мегўянд  дар  урфият. Дар  ҳақиқат,  инсон  тамоми  донишҳои  замонавӣ  ва  маълумотҳои  заруриро  аз  китоб  ба  даст  меорад.  Ҳарчанд дар  замони  имрўза  роҳу  воситаҳои  дастрас  намудани  маълумотҳо  зиёданд,  вале  ҳеҷ  яке  аз  онҳо  ҷойи  китобро  гирифта  наметавонанд.

 Китоб  дар  ҳаёт  чун  омўзгори ҳақиқии  инсон  буда, армуғони  бузургеро  мемонад  ва  падидаест, ки тавассути мутолиаи он  инсон  аз  бадахлоқӣ,  мўҳтоҷӣ,  ғаму  дард  озод  мегардад.

 Чуноне  бузургон  таъкид  кардаанд:

 «Мутолиаи  китоб  роз  аст, онро  ҳамеша  амалӣ  кардан  асос  аст.  Агар  ту  як  умр  ба  ҳамин  кор  машғул  шавӣ,  магӯй,  ки  хато  кардаӣ,  зеро  ман  як  ҳаёт  ба  ҳамин  кор  машғул  шудаам,  бо  сабабе,  ки  мехоҳам  инсон  бошам».

 Аз  ин  ҷо бармеояд,  ки  инсон  аз  тамоми  ҷузъҳои табиату  ҷамъият  маҳз  тавассути  ақлу  фаросат  ва заковати  бузурги  худ  фарқ  мекунад,  лек  заковату  ақли бузург  бе  мутолиаи  китоб  ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд.  Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази  бузурги илм  КИТОБ асту китоб  аст.

 Дар  ҳаёту  фаъолияти  тамоми  бузургони  олам  чун, Арасту,  Афлотун,  Рўдакӣ,  Саъдӣ   маҳз  тавассути  ин  маъхази  бузург  яъне  китоб  ба  ҷое расидаанд.  Воқеан,  дар  ягон  давру  замон  бе  китоб   ғизои  маънавии  зиндагии  рангинро   наметавон  тасаввур  кард.

 Зеро,  калиди  дари  илму  маърифат  асосии  хираду  заковат,  фарҳангу  маданият  ва  илму  адаби  пойдору  устувор  китоб  мебошад. Миллати  мо низ  аз  халқҳоест,  ки  ба  китобу  китобдорӣ эҳтироми  хоса  доранд  ва  бо  китобу  китобхони  шуурнокиву  маърифатнокии  худро  дар  ҷаҳони  мутамаддин  мақоми  шоиста  касб  кардаанд.  Пас,  бисёр  бояд  шитоб  кард,  китобҳои  бузургу нодирро дарёфт,  илму  маърифат  омӯхт,  амал кард,  то инсони асил буд,  зеро  китоб  чун  ганҷи  бебаҳо  танҳо ва танҳо  бо роҳи  росту  дуруст  ва  хиради   воло  моро   раҳнамуд месозад.

                 Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой,
                Аз хирад раҳнамою хирад дилкушой.

                                                                                Фирдавсӣ

  Китоб  дар  радифи  Модар  Ватан,  арзандатарин   муқаддасот ба  ҳисоб  меравад  ва  китоб  ба  инсон  таасуроти  амиқ  бахшида,  ҷаҳонбиниашро  васеъ  мегардонад.  Инсон  метавонад   мутолиаи  китоб  кунаду  китобдўст  бошад,   бузурги  дар  чашми  ў  кушода  мешавад.

 Боиси  ифтихору  сарфарозист,  ки  бо  ташаббуси  Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ,   Пешвои  муаззами  миллат   муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон  ва  маҳз  дастгириҳои  падаронаи  ў буд, ки 4 –уми сентябри соли 2007 хишти нахустини бинои мўҳташами Китобхонаи милли Тоҷикистонро гузошта шуд. Ва ниҳоят, 20 –уми марти соли 2012 бори нахуст дар расми ифтитоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, аз тамоми шуъбаву толорҳо ва марказҳои Китобхонаи миллиро дидан намуданду ба он баҳои баланд доданд.

 Зеро воқеан, ин макони илму маърифат бо тамоми шароити муосири замонавӣ бунёд гардидаву назираш дар Осиёи Марказӣ  набуду нест. Ин ҳама талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои пешбурди донишву малакаи насли ҷавони мамлакат равона гардидааст.

 Ин ҳама заҳматҳову талошҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик аз асли бунёдаш китобхон буду ҳаст. Ва доштану мутолиа кардан ва ҳифз намудани КИТОБ барои миллати тоҷик бори гуфтаҳои болоро собит мекунанд.

Дар охир, бо абёте андешаҳоямро ҷамъбаст менамоям:

 Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ҷомӣ

ФАРЗОНА Каримова,

 мутахассиси шуъбаи тарғиб ва

 баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ