2041 | 2042 | 2043 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ, директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомот...
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи на...
Ҳамватанони азиз! Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад. Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони...
Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамдиёрони арҷманд! Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ буда, ҳамчун нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори...
Хонандагони литсейи Президентӣ ба тариқи фосилавӣ дар XII-умин олимпиадаи Байналмилалии ш. Анталияи Туркия ширкат намуда соҳиби 10 ҷой гардиданд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони литсей аз фанни забони англисӣ 5 нафар, биология 3 нафар ва математика 2 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҷойи I - 3 нафар Ҷойи II - 4 нафар Ҷойи III - 3 нафар
Хонандаи синфи 11 "Б" Хидиров Хизиралӣ дар озмуни шаҳрӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ ва риёзӣ барои дарёфти "ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" иштирок намуда соҳиби ШОҲҶОИЗА ва дипломи дараҷаи I дар соҳаи математика гардид.
Муҳтарам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон! Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо камоли шодмониву ифтихормандӣ Шумо ва аҳли хонадони Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ, пирӯзию сарбаландӣ...
Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бешубҳа, барқарор шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки он бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст. Чунин иброз дошт муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума МУИНӢ. Ӯ дар идома андешаҳояшро бахшида ба Рӯзи Президент чунин баён дошт: — Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳам...
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ...
Салом, ман Амина Мансурова, хонандаи синфи 2 "В" -и Литсейи президентӣ - барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳастам. Ҷумҳурии мо аз ҷиҳати оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 2-юм қарор дорад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 то 2028 даҳсолаи "Об барои рушди устувор" эълон карданд. Муаллимаи ман Бекназарова Мадина Давлатёрова. Ман бо роҳбарии муаллимаам дар мавзӯи "Об манбаи ҳаёт" лоиҳа омода...