Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2019 2020 2021
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 1 2 3

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ҷамъбаст шуд

8 апреля 2021 01:04

Количество просмотров: 10941

Даври дуюми шаҳрии озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар он аз чор ноҳияи пойтахт сенафарӣ иштирок намуданд, ки чор нафари онҳо омӯзгори Литсейи Президентӣ Ҳушанг Собиров, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов, омӯзгори Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Фароғат Рӯзиева ва  омӯзгори Литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асадулло Шарипов бо ба даст овардани натиҷаи беҳтар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Cардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, дар даври дуюми озмун 12 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии пойтахт аз рӯйи 8 шарт: барои навоварӣ, таҷрибаи педагогӣ ва нашри мақолаҳои илмию методӣ, барои ҳар патенти ихтироот ё модели муфид, ки дар якҷоягӣ бо хонандагон аз рӯи равия татбиқ шудааст,  барои донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, донишҳои соҳавӣ ва сатҳи забондонӣ (амалӣ), дастур ва китобҳои дарсии нашршуда, барои маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ), барои омода намудани хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ (аз рӯи равия ва ишғоли ҷои ифтихорӣ) ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ байни худ рақобат намуданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва шаффоф баргузории даври дуюми озмун дар баробари кормандони масъули Сарраёсати маориф, инчунин мутахассисон аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.

 

Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020 «Низомномаи озмуни «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» таъсис гардид, ки  ҳамасола барои дарёфти он  озмун  эълон шуда,  барои ҳар ғолиб   мукофоти пулӣ- 20 000 сомонӣ  тақдим мегардад. Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ- барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз таъсис ва сарфароз намудан бо ҷоизаи давлатӣ- ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос  равона гардидааст.

/АМИТ «Ховар»/: https://khovar.tj/2021/04/davri-duyumi-sha-rii-ozmuni-oizai-davlatii-um-urii-to-ikiston-baroi-olimon...