Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд

Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд

15 Января 2020 02:01

Количество просмотров: 13438

Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти ин муассисаи илмӣ иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда инчунин дар соли 2019 барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 35  коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардидааст.

Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии АИ ҶТ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 мавриди таҳлил қарор гирифт. Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ паҳлуҳои асосии фаъолияти муассисаҳои илмиро баррасӣ намуда, зикр кард, ки тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, олимонро зарур аст, ки дар баробари рушди илми тоҷик дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд.

Баъди таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Академияи илмҳо ба олимоне, ки дар соли 2019 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд. Аз  ҷумла ба доктори илмҳои техникӣ, мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Сабур Абдуллоев, номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Владимир Маслов, номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти физикаву техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ Баҳром Назаров Ҷоизаи ба номи академик С.У.Умаров дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техника, ба узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, мудири озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев Ҷоизаи ба номи академик Е.Н.Павловский дар соҳаи илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ, ба доктори илми таърих, мудири шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Санавбар Воҳидова,   ба доктори илми филология, мудири шуъбаи илмию ташкилии Раёсати АИ ҶТ Пирмаҳмад Нуров Ҷоизаи ба номи академик М.С.Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ супорида шуд.

AI-CHT1.jpg