Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2021 2022 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
26 27 28 29 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Дастаи олимпии шаҳри Душанбе сазовори мақоми аввал гардид

6 июля 2021 02:07

Количество просмотров: 10547

2-юми июли соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 11) баргузор гардид.
Дар маросими мазкур Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Баҳром Исмоилзода - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Барои ноил гардидан аз рӯи миқдори зиёди ҷойҳои ифтихории бадастоварда дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон ва ишғоли ҷойи якум байни вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷом ва Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он қадрдонӣ гардиданд.
Боиси тазаккур аст, ки дастаи олимпии шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 663 ҷойҳои ифтихорӣ (144 ҷойи якум, 230 ҷойи дуюм, 289 ҷойи сеюм) дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал дониста шуд. 
Дар маросим аз рӯи номинатсияи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Мактаби байналмилалии Президентӣ, гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ шомил гардиданд. Аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, 56, 55, 51, 48, 42, 21 дар миқёси ҷумҳурӣ ба даҳгонаи беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таълимӣ ҳисоб гардиданд.
Инчунин, барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳаракати олимпӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ масъулини сохторҳои маорифи шаҳри Душанбе ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

ErmvCFCFHIX1No6bQKeX.jpg

DevPDnjCEYbJVbHLgYaS.jpg